Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон роҳбарони КМИР Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Умед Бобозода, вакили палатаи поёнии парлумон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ӯзбекистон Зуфар Исмоилзода ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимовро барои иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба парлумони Ӯзбекистон ба сифати нозирон даъват кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод, ба ҷуз ин Тоҷикистон намояндагонашро дар ҳайати нозирон аз ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ низ мефиристад, ки нимаи дуюми моҳи декабр ба Тошканд мераванд.

Интихоби вакилон ба Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва кенгашҳои маҳаллӣ рӯзи 22-юми декабр баргузор мешавад.

Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ иштирок мекунанд.

Ин маъракаи сиёсӣ дар соли 2019 бори нахуст мутобиқи Кодекси нави интихобот гузаронида мешавад. Мувофиқи он аҳзоби сиёсӣ ба пешбарии номзадҳо акнун натанҳо дар 135, балки ҳамаи 150 ҳавзаи интихоботӣ ҳуқуқ доранд.

Аз 20 млн. интихобкунанда 2 млн. нафарашон ҷавонон буда, ин интихобот барояшон аввалин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.