Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъ мешаванд. Ба ин нишасти “дӯстона ва комилан ғайрирасмӣ” онҳоро Владимир Путин даъват кардааст.

“Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Русия омад. Ҳавопаймои ӯ дар фурудгоҳи Пулково ба замин нишаст”, - иттилоъ додааст рӯзи 20-уми декабр хабаргузории Белта бо истинод ба хадамоти матбуоти Александр Лукашенко. Дар ин бора “Фонтанка” хабар медиҳад.

Ҳамчунин тахминан соати 11 ҳавопаймои Boeing аз Арманистон низ ба пойтахти шимолии Русия фуруд омад. Дар хадамоти матбуоти Никола Пашинян изҳор доштанд, ки як ҳайати комил бо “хатсайри махсус” ба Петербург рафтааст.

Ғайр аз ин, дар фурудгоҳи Пулково омадани ҳавопаймоҳои сарони кишварҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедовро мунтазиранд.

Раисҷумҳури Молдова Игор Додон ҳанӯз дирӯз, 19 декабр ба Русия рафта, дар Маскав як қатор вохӯриҳо гузаронид. Сипас бо қатораи шомгоҳии “Сапсан” ба Петербург раҳсипор шуд. Сафар дар қатораи босуръат ба президенти Молдова писанд омада, ӯ таассуроти худро дар ин бора дар Facebook чунин баён доштааст:

“Хеле бароҳат, муосир ва аз лиҳози технологӣ олист. Барои мо ҳам чунин лоиҳа лозим аст, ки шимолу ҷануби Молдоваро пайвандад”.

Дар вохӯрии мазкур табодули назари сарони кишварҳо атрофи вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ дар назар аст.

Мувофиқи қарори қабулшуда зимни ҳамоиши моҳи октябри сарони кишварҳои ИДМ дар Ашқобод, аз 1-уми январи соли 2020 раёсат дар ИДМ ба Ӯзбекистон вогузор мешавад.

Маҳз дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод президенти Русия Владимир Путин роҳбарони давлатҳои ИДМ-ро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) шомил нестанд, ба вохӯрии ғайрирасмии иттиҳоди иқтисодии рӯзи 20-уми декабр ба Санкт-Петербург даъват кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 декабр ба шаҳри Санкт-Петербург рафта, бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия мулоқот орост.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.