Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор мешавад.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кори конфронси видеоӣ ба ҷуз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон ва Туркманистон, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаҳорчӯби мулоқот оид ба масоили муҳими байнулмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳод, рафти амалисозии Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ дар соли 2019 ва Нақша барои соли 2020, инчунин роҳу воситаҳои муқовимати муштарак бар зидди паҳншавии коронавирус табодули назар сурат мепазирад.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои як қатор санадҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.