Дар остонаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-12 июн дар назар аст, имрӯз, 3 июн дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ дар Душанбе таҳти унвони “Нуқтаҳои нави рушд, густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.
Конфронс аз ҷониби Донишкадаи байнулмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон созмон дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс зиёда аз 40 нафар коршиносону сиёсатмадорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд.
Назди иштирокчиёни конфронс директори Донишкадаи байнулмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хршеди Зиё маърӯза мекунанд.
Сафири Ӯзбекистон дар Душанбе Эргаш Шоисматов ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Тошканд, айни замон - муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ҳамраисони конфронси мазкур мебошанд.
Зикр шуд, ки ба ин конфронс кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.