Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо як сафари расмии дурӯза ба Ӯзбекистон рафт, дар фурудгоҳи Тошканд Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар шахсан пешвоз гирифт.
Дафтари матбуотии президенти ин кишвар менависад, ки “роҳбари Тоҷикистон аз боғи “Янги Узбакистон” дидан карда, ба пояи муҷассамаи “Истиқлол” гул гузошт.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шавкат Мирзиёев ба Ӯзбекистон сафар кардааст.
Зимнан, дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии ӯ бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар чеҳраҳои расмии ин кишвар дар назар аст.
Қаблан, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки дар Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳо миёни ду кишвар пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуотии президенти хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт.
Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.