Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар нишасти қарибулвуқӯъи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 13 октябр дар Бишкек доир мегардад, иштирок намекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод.
Тавре ки Эхо Кавказа менависад, рӯзи 10 октябр зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров нахуствазири Арманистон изҳори таассуф кардааст, ки бо баъзе сабабҳо дар нишаст ҳузур дошта наметавонад.
“Дар ҷараёни суҳбат Пашинян бо изҳори таассуф хабар дод, ки бо сабаби ҷой доштани як қатор ҳолатҳо дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ширкат карда наметавонад”, - хабар дод хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян низ ба Бишкек намеояд. Дар ҳошияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузории вохӯрии сеҷонибаи Русия, Озарбойҷон ва Арманистон ба нақша гирифта шуда буд.
Қаблан ёвари президенти Русия иштироки Пашинянро дар вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ тариқи алоқаи видеоӣ аз эҳтимол дур надониста буд.
Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кигшварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, Арманистонро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар намояндагӣ мекунад.
Пас аз рӯйдодҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва зери назорати Боку гузаштани минтақа, муносибатҳои Русия ва Арманистон ба сардӣ гароиданд.
Ереван амали иттифоқчии худро дар Қавқоз интиқод карда, намояндаи худро аз СААД бозхонд кард ва намоянаи нав таъин накард. Инчунин ба Украина кумаки башардӯстона фиристода, изҳор дошт, ки ба Суди байнулмилали ҷиноӣ, ки санади иҷозаи ҳабси Путинро додааст, ҳамроҳ мешавад.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар мусоҳиба ба газетаи La Repubblica, ки рӯзи 3 сентябр нашр шуд, Русияро бо он айбдор кард, ки неруҳои посдори сулҳи он вазифаи ба уҳдаашон гузоштаро иҷро накарда, ҳаракати озодона тариқи долони Лочинро, ки Арманистонро бо Қарабоғ мепайванда, таъмин карда натавонистанд.
Ӯ изҳор дошт, ки вақте ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амали Бокуро дар Қарабоғи Кӯҳӣ маҳкум накард, Ереван аз ин созмон дилсард шуд.