Ҳафтаи гузашта Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард. Акнун шаҳрвандони кишвар танҳо баъди дастрас кардани раводид метавонанд вориди Туркия шаванд. Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар сомонаи худ Дастурамал барои дастрас кардани раводидро интишор кардааст.

Дар ин матлаб мо ба муҳимтарин саволҳо посух ҷустем.

Бояд гуфт, ки то ин замон миёни Тоҷикистон ва Туркия созишнома дар бораи вуруди бидуни раводид амал мекард. Ин маънои онро дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба Туркия ворид шаванд ва то 90 рӯз дар онҷо бимонанд. Ин ва як қатор омилҳои дигар Туркияро ба як кишвари ҷолиб барои тоҷикон табдил дода буданд. Айни ҳол ҳар ҳафта шаш ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Истамбул парвоз мекунад.

Пас аз лағви вуруди бидуни раводид, ҳар дафъае, ки шумо мехоҳед вориди Туркия шавед, шумо бояд раводид гиред.

 

Чаро низоми раводид ҷорӣ шуд?

Ин фармонро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия имзо кард. Ба таври расмӣ сабабҳои ин тасмим гуфта нашудааст, вале эҳтимол меравад, ки чунин тасмим ба ҳамлаҳои террористӣ дар Туркия ва Русия, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси гумонбар боздошт шуданд, иртибот дошта бошад.

Моҳи апрел нашрияи туркии “Ҳуррият” хабар дода буд, ки ду ҷонибдори ДИИШ дар Истамбул боздошт шудаанд, ки гӯиё қасди анҷоми як ҳамлаи террористӣ дар Туркияро доштанд. Онҳо шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шаҳрванди 41-солаи Қирғизистон Зулфия С. будаанд.

Ин нашрия навишт, ҳарду узви ДОИШ буданд. Фозилҷонро ба хабс гирифтанд ва Зулфияро ихроҷ карданд.

Илова бар ин, расонаҳои туркӣ навиштаанд, ки чанде қабл аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ду гумонбари ҳамла - Фаридуни Шамсидин ва Саидакрам Раҷабализода, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия буданд.

 

Низоми раводид аз кай ҷорӣ мешавад?

Низоми раводид бо Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 апрел ҷорӣ мешавад. То ин сана шумо метавонед бидуни раводид марзро убур кунед.

Онҳое, ки дар рӯзи вуруд ба Туркия иҷозатномаи иқомат ё иҷозаи кор доранд, метавонанд бидуни раводид вориди Туркия шаванд.

 

Он барои ҳамеша аст?

Ҳоло дақиқи нест. Аммо Сафорати Туркия дар Душанбе хабар дод, ки ҷорӣ шудани раводид шояд иқдоми муваққатӣ бошад.

 

Дорандагони кадом навъи шиноснома бояд раводид гиранд?

Дар фармони Эрдуғон гуфта мешавад, ки тасмим дар бораи лағви низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Туркия сафар мекунанд, ба ҳамаи онҳое дахл дорад, ки шиносномаҳои оддии хориҷӣ доранд. Яъне, соҳибони шиносномаҳои дипломатӣ ба раводид ниёз надоранд.

 

Сафар тавассути транзит чӣ?

Сафорати Туркия дар Душанбе гуфт, онҳое, ки парвози транзитӣ доранд, ба раводид ниёз надоранд.

 

Чӣ мешавад, агар шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русия низ бошад?

Барои шаҳрвандони Русия вуруд ба Туркия бидуни раводид боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, агар шиносномаи Русия дошта бошед, метавонед бидуни раводид ҳатто аз қаламрави Тоҷикистон вориди Туркия шавед.

 

Дар куҷо раводид гирифтан мумкин аст?

Шумо метавонед раводидро дар консулгарии Туркия дастрас кунед.

 

Чӣ гуна ва ба куҷо метавон барои раводид муроҷиат намуд?

Қадами аввал ин дархост барои раводид дар сомонаи  www.visa.gov.tr мебошад. Ин сомона ба шумо варақаи пешакии дархост пешниҳод мекунад. Илова ба дархости раводид, шумо бояд ҳуҷҷатҳои дигареро ҷамъ кунед, ки мо дар зер номбар мекунем.

1.      Ҳуҷҷатҳои лозима, маблағи пардохти консулӣ ва мавридҳои лозим ба таваҷҷуҳро барои муроҷитаи раводиди дархостнамудаатон аз тариқи сомонаи интернетии dusanbe-be.mfa.gov.tr бо диққат хонед.

2.      Аз тариқи суроғаи интернети www.visa.gov.tr варақаи муроҷиат барои раводидро пур карда нусхаи онро чоп кунед.

3.      Ҳуҷатҳои лозимаро барои раводид ба система ворид намуда варақаи муроҷиат (анкета) гиред.

4.      Дар рӯз ва соати дархостгардида, нусхаи варақаи муроҷиат барои раводидро бо ҳамроҳии дигар ҳуҷҷатҳои лозима ба Сафорат биёред.

5.      Ҳангоми омадан Сафорат тибқи роҳнамоиҳои кормандони Сафорат ҳаракат намуда варақаи муроҷиататонро пешниҳод намоед.

6.      Дар сурати ба таври комил пешниҳод намудани маълумотҳову ҳуҷҷатҳо ва зарурат пайдо нашудан ба баррасиҳои иловагӣ, дархост барои раводид арзёбӣ гашта оиди натиҷаи он дар муддати 1-2 ҳафта маълумотрасонӣ мегардад.

7.      Дар сурате, ки дархости Шумо барои раводид мусбӣ арзёбӣ гашта ба Шумо маълумотрасонӣ карда шавад, ҷиҳати гирифтани раводид ба Сафорат биёед.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед!

•       Бидуни гирифтани варақаи раводид аз сомонаи интернетии www.visa.gov.tr ба сафорат наоед.

•       Муроҷиатҳо бевосита ба таври шахсӣ сурат мегирад.

•       Тавсия мегардад, ки ҳадди ақал як моҳ қабл аз саёҳати худ барои гирифтани раводид муроҷиат намоед.

•       Дархости шумо барои раводид, гирифтани раводидро ба шумо кафолат намедиҳад.

 

Нархи раводид чанд пул аст?

Нархи раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар, чандкарата 190 доллар аст. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки ҳаққи раводид танҳо бо пули нақд бо доллари ИМА пардохта мешавад.

Маблағи барои раводид пардохтшуда дар ҳеҷ ҳолат баргардонида намешавад, ҳатто агар дархости раводиди шумо рад гардад.

 

Раводид барои чанд вақт дода мешавад?

Ҳадди аксар 90 рӯз дар ним сол аст. Барои зиёда аз 90 рӯз мондан, шумо бояд аз мақомоти дахлдори Туркия иҷозатномаи иқомат гиред.

 

Оё барои вуруди шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон низ раводид ҷорӣ мешавад?

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон бар асоси принсипи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад. Аммо ҳоло маълум нест, ки оё он воқеан ҷорӣ мешавад ва аз кай.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.