Зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Остона рӯзи 3 июл президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки ба Қазоқистону Тоҷикистон муяссар шуд, ки дарвоқеъ ҳам муносибатҳои иттифоқчигиро роҳандозӣ намоянд, ки дар ин кор Эмомалӣ Раҳмон саҳми беандоза дорад.
Ӯ ба президенти Тоҷикистон барои ҳузури шахсӣ дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Остона ва пайваста дастгирии афзалият ва ташабусҳои Қазоқистон изҳори миннатдорӣ кард.
“Маҳз иштироки шумо аҳаммияти хосса дорад, зеро шумо ягона президенти амалкунанда ҳастед, ки дар оғози таъсиси СҲШ дар соли 1996 ҳузур доштед. Ба фикри ман, ин созмон як иттиҳоди самарабахш, боэътимод ва демократӣ аст. Умедворем, ки нишасти пагоҳ (имрӯз, 4 июл) муваффақ хоҳад буд”, - иброз дошт зимни вохӯрӣ президенти Қазоқистон.
Президенти Тоҷикистон дар навбати худ раёсати муваффақонаи Қазоқистонро дар СҲШ, инчунин рушди пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу амниятро зикр кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид.
Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.
Дар рафти суҳбат ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ гардид.