Санаи 9 декабри соли 2016 дар асоси розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармоишҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ ба амал омад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, аз ҷумла, генерал майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ; полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе; полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳамад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ; полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд; Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод ва ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъин карда шудаанд. Полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шудааст.
Гуфта мешавад, директори Агентӣ генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.
Дар сомонаи ин ниҳод қайд мешавад, ки тӯли 11 моҳи соли равон кормандони Агентӣ 1 ҳазору 766 ҷиноятҳои коррупсиониро ба маблағи умумии ҳудуди 180 млн. сомонӣ ошкор кардаанд, ки аз ин миқдор зиёда аз 89 млн. сомониаш барқарор карда шудааст.
Дар изҳороти матбуотии Агентӣ бахшида ба Рӯзи умиҷаҳонии мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 9 декабр ҷашн гирифта мешавад, зикр мегардад, ки аз оғози сол барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ 937 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет дар ҳаҷми беш аз 713 ҳазор сомонӣ маблағи ҷаримаҳо ворид шудааст.