Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ намуданд. Минбаъд истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони машрубот ва маснӯоти тамоку дар барномаҳои телевизиону радио ва мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо сарпараст шуда наметавонанд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон ба аъзои палатаи болоии парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки дар тағйироту иловаҳо ба сарпарастони барномаҳо дар телевизиону радио, ки онро истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони машрубот ва маснӯоти тамоку роҳандозӣ мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудааст. Амоо аз ҳаҷми чунин ҷаримаҳо маълумот дода нашуд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонуни мазкур, минбаъд зимни реклама (таблиғ)-и маҳсулоту хизматгузориҳо дар Тоҷикистон, истифодаи истилоҳҳое аз қабили «рақами як», «беҳтарин», «сифати баланд», «бо нархҳои паст» манъ мешавад.

Ғайр аз ин, тағйироту иловаҳои мазкур минбаъд ба дар барномаи телевизиону радио ҷой додани рекаламаи давомнокиаш беш аз 3 дақиқа иҷозат намедиҳанд. Ҷойгир кардани реклама дар китобҳои дарсии дар ҷумҳурӣ нашршуда манъ гардида, манъи ҷойгиркунии ҳама гуна реклама ба китобҳои дарсӣ, дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ва ғайра дахл дорад.

Дар иҷлосияи имрӯзаи маҷлиси миллӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба Кодекси Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ маъқул шуморида шуд.