Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ». Навори видеоӣ аз ҷониби хадамоти матбуоти сарвари давлат ба шабака гузошта шудааст.

Зимни суханронӣ дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Сарвари давлат зикр кард, ки дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.