Дар доираи сафари расмӣ ба Россия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони муқими Русияро ба зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан ва обу хоки муқаддаси он даъват намуд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон
Сурат: хадамоти матбуоти Сарвари давлат

“Дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед, - қайд кард ӯ. - Агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед”.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон қариб дар тамоми нуқоти кишвари паҳновари Россия таҳсил ва кору фаъолият дошта, дар ин замина, ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи сиёсати хориҷии худ рушду тавсеаи ҳамкориҳои судмандро бо минтақаҳои Россия ҳамчун самти умда арзёбӣ менамояд.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар сартосари Тоҷикистон ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни таърихиву фархундаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ амалҳои созандаву ободкорӣ вусъати бесобиқа касб намуда, онҳо низ метавонанд ба ин раванди нек ҳамроҳ ва мувофиқи имконият барои рушду тараққиёти Тоҷикистон, ободиву пешрафти Ватани аҷдодии худ ва зодгоҳатон саҳми арзишманд гузоранд.

“Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз зарур аст, ки ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед, Тоҷикистонро қисмат накунед ва ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан – модар дорем”, - таъкид дошт Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҳамватанон даъват намуд, ки қонуну қоидаҳои кишвари иқоматро риоя кунанд ва бо ҳамдиёрон тифоқ буда, ҳамдигарро дастгирӣ намоянд.

“Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба тарбияи фарзандон ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя эътибори ҷиддӣ зоҳир бояд кард, зеро барои кадрҳои хуб сарҳад вуҷуд надорад ва фарзандони мову шумо, яъне кадрҳои тарбиякардаи мо дар ҳама ҷой мавқеи худро пайдо карда метавонанд”, - иброз дошт Президенти мамлакат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.