Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро бо ҷашни Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар табрикоти худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.
“Имрӯз онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд ва дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро карда истодаанд”, - омадааст дар табрикоти президент.
Сарвари давлат қайд кардааст, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри Тоҷикистон ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
“Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар табрикот.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир аз ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.
“Эътимоди комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд”, - таъкид доштааст Сарвари давлат.
Инчунин президент изҳори бовар кардааст, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азиз минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.