Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои барқарор кардани зерсохтори троллейбусии шаҳри Душанбе 2,8 млн. доллар ҷудо мекунад. Лоиҳа имрӯз дар ҷаласаи палати поёнии парлумон маъқул дониста шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод, ки дар лоиҳа барқарор кардани зеристгоҳҳои мавҷуда ва насби ноқилҳои фидерӣ, ҳамчунин хатҳои тероллейбусӣ ва пояҳо пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, маблағи умумии лоиҳа 8 млн. долларро ташкил медиҳад. Бастаи молиявӣ аз қарзи зери кафолати давлатӣ ба маблағи 5,2 млн. доллар ва гранти БАТР дар ҳаҷми 2,8 млн. доллар иборат аст.

Тибқи маълумоти ҳукумати пойтахт, КВДК “Троллейбус” ба 7 хатсайри троллейбусӣ хизматрасонӣ мекунад. Соли гузашта ба пойтахт троллейбусҳои нави истеҳсоли Беларус оварда шуданд. Зикр гардида буд, ки ин тамғаи троллейбусҳо дар муқоиса бо навъҳои дигар нерӯи барқро сарфкорона истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки аввалин троллейбусҳо дар роҳҳои Душанбе моҳи майи соли 1955 ба равуо оғоз карданд.

То имрӯз БАТР ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон наздики 670 млн. евро (баробар ба 740 млн. доллар) сармоягузорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.