Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо иштироки аъзои ҳукумат, роҳбарони як қатор вазорату идора ва муассисаҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, оид ба васеъ намудани имкониятҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ муҳокимаронӣ доир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумат ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин сарвари давлат иҷрои саривақтии фармон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро таъкид кард.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 август барои пардохти хидматрасониҳои давлатӣ дигар пули нақд қабул карда намешавад.
Ҳамаи пардохтҳои ҳатмии давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин маводи мо дар бораи ин хидматрасониҳо, чӣ гуна ғайринақд пардохт шудани онҳо ва дигар масоили марбут ба ин масъала маълумоти муфасаал дарёфт карда метавонед.