Вазорати корҳои дохилии Туркия изҳор доштааст, ки 2651 шаҳрванди Тоҷикистонро ба “рӯйхати сиёҳ” ё феҳристи афроди мамнуъулвуруд ба қаламрави ин кишвар ворид кардааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат дар шарҳи тасмимаш дар гузорише таҳти унвони “Муборизаи Туркия алайҳи ДОИШ” рӯзи 14-уми июл гуфтааст, ин нафарон ба хотири “иртибот бо террористҳо ва убури минтақаҳои муноқиша” ба рӯйхати сиёҳ шомил шудаанд.
Дар баробари ин, Вазорати корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки Сарраёсат оид ба муҳоҷират аз оғози муноқишаи Сурия то рӯзи 16-уми июни имсол 308 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Вазорат мегӯяд, ин афрод ба минтақаҳои наздимарзии Туркия бо Сурия сафар намуда, қасди пайвастан ба гурӯҳҳои тундравро доштанд.
Дар рӯйхати шахсоне, ки аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Туркия маҳрум шудаанд, дар маҷмӯъ, наздик ба 54 ҳазор нафар аз 146 кишвари дунё шомиланд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шомили ин “рӯйхати сиёҳ” шудаанд.
Баъди Тоҷикистон Қазоқистон аст, ки 1 ҳазору 914 нафар аз шаҳрвандонаш номбар шудаанд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ беш аз ҳама шаҳрвандони Русия -- 4 ҳазору 128 нафар шомили ин рӯйхатанд.