Дар шаҳри Душанбе дар Хонаи Синамогарон (кинотеатри «Зебуннисо Ҳафтумин Синамобазми Байналмилалии «Дидор» ифтитоҳ гардид.

Филмҳои Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» рӯзҳои 16– 20 октябр аз соати 10:00 дар Хонаи Синамогарон ҳаррӯза то панҷ сеанс намоиш дода мешаванд. Тамошо ройгон аст.

Расми ифтитоҳи Синамобазми VII «Дидор» дар рӯзи Кинои тоҷик – 16 октябр соати 17:00 дар Театри Академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати синамогарони тоҷик ва меҳмонони ҷашнвора (то 40 нафар) аз Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ирон, Муғулистон,Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Швейтсария, Олмон, Эстония баргузор мегардад.


Синамобазми байналмилалии VII «Дидор» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 ба «Чорабинихои Ҷашни 25 солагии Истиклолияти давлатии Точикистон» ворид гардида, зери васояти Кумитаи тадорукот-Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Чун анъана ҳар Синамобазми «Дидор» ба бузургдошти яке аз синамогарони шинохтаи тоҷик ё ҷаҳонӣ бахшида мешавад. Давраи ҳафтуми Синамобазми «Дидор» ба ёдбуди синамогари машҳури тоҷик, шодравон Бахтиёр Худойназаров эҳдо мегардад. Гулчини беҳтарин филмҳои Ӯ: «Братан» («Бародар») (1990), «Қош ба қош» (1994),«Падари маҳтобӣ» (1999),«Дар интизории баҳр» (Русия, 2012)манзури тамошобинон мегардад. Пеш аз намоиши ҳар филм ҳамкасбон ва аъзои гурӯҳи эҷодиаш саҳифаҳои хотироташонро боз хоҳанд кард.

Сарпарастони аслии Синамобазми ҳафтуми байналмилалии «Дидор» –Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» –Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Инчунин дар баргузории фестивал Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видео – «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии Телевизиони «Синамо», Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» (Эрон), Анҷумани синамогарони авони Эрон, Сафорати Ҷумҳуриии Исломии Ирон дар Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена Душанбе», Ҳукумати шаҳри Ҳисор, ширкату ҳамкорӣ менамоянд.

Доиркунандагони Синамобазми «Дидор» аз шумораи зиёди филмҳои ба унвони «Дидор – 7» ворид шуда, аз назари худ 80 филм аз намудҳои гуногуни ҳунари синамоӣ ва гуногунсабкро барои барномаҳои вижааш интихоб намудаанд. Дар миёни ин филмҳои интихобшуда, шуморае барои озмуни байналмилалии филмҳои баланди достонӣ ва қисме барои озмуни филмҳои кӯтоҳи достонӣ; теъдоде барои «Панорамаи байналмилалии филмҳо: Гуфтугӯи фарҳанги Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шудаанд. Дар барномаи синамои форсизабонҳо ба осори синамогарони ҷавони навкор таваҷҷӯҳи хоса шудааст.

Бо сабаби афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба аниматсия – филми тасвирӣ –бахши вижае барои муарифии онҳо бо унвони «Ҷашни аниматсия», ки филмҳову барномаҳои онҳоро ба намоишу муҳокимаи мутахассисон вогузор менамоянд аз навгониҳои Синамобазми «Дидор» аст.

Дар фестивали мазкур ба синамои муосири Муғулистон, ки тамошобини тоҷик доир ба он маълумоти кам дорад,таваҷҷӯҳи хоса мешавад. Ин барномаро– мутахассиси муваффақ, продюсер (таҳиякунанда), менеджери фарҳанг ва ҳунар, филмноманавис, Директори генералии Театри давлатии опера ва балети Муғулистон–Мунхзул Чулуунбат муаррифӣ мекунад.

Меҳмонони ифтихории «Дидор» бо шумули шахсиятхои барҷастаи ҳунари синамоӣ, фарҳанг ва пажӯҳиши бахшҳои гуногуни он мебошанд, ки омодагии худро барои баргузории коргоҳҳои ҳунариашон (мастер-классҳо) бо донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон, ки шавқу рағбат ба синамо доранд, изҳор намудаанд.

Ҳайати Доварони байналмилалӣ: Низом Қосим (Раис, шоир, нависанда, муаллифи чандин асарҳои драмавӣ, аз Тоҷикистон), Ризо Киёниён (ҳунарпешаи маъруфи синамо, Эрон), Латика Падгаонкар (киношинос, Ҳиндустон) интихоб шудаанд.

Дар ҷамъбасти Озмунибайналмилалӣ ба ғолибон чунин Ҷоизаҳо супорида мешаванд:

- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми пурраметражаи достонӣ;

- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми кӯтоҳметражаи достонӣ;

- Ҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми тоҷикӣ;

-Ҷоизаи махсуси доварони байналмилали, ки онро Дафтари

   Швейтсарии Ҳамкорӣ дарТоҷикистон таъсис додааст; 

- Ҷоизаи мунаққидони киноиТоҷикистон.

Дар фарҷоми Синамобазм ҳамчунин дар мавзӯи "Кинои хуб чӣ гуна сохта мешавад?" мизи мудаввар баргузор мегардад.