Парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро маъқул донист. Мувофиқи ин тағйирот, Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки дар аксари кишварҳо санаи 1 май ҷашн гирифта мешавад, дигар рӯзи истироҳат шуморида намешавад.

Дар Тоҷикистон ин сана ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 1 май ҳатман гузаштҳову раҳпаймоӣ ва намоишҳои меҳнаткашон доир мегардиданд. Даҳсолаи ахир ин санаро танҳо ҷонибдорони Ҳизби коммунист ҷашн мегирифтанд, вале ҳукумати расмӣ ҳам ба ҳар ҳол дар боғҳо сайругаштҳои оммавӣ ташкил мекард.

Соли гузашта Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба ҷашни Рӯзи меҳнат ҳамроҳ мешавад. Рӯзи 30 апрели соли 2016 муовини раиси Иттифоқи касааби мустақили Тоҷикистон Бахтиёр Абдуллоев дар васоити ахбори умум зикр кард, ки «минбаъд санаи 1 май бо иштироки миллионҳо аҳолии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва сайругаштҳои мардумӣ дар фазои ваҳдату ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор мешаванд».

Ғайр аз ин, имрӯз, 16 ноябр вакилон дар бораи минбаъд ҳамасола санаи 10 январ дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани иди касбии кормандонии Агентии зиддифасод қарор қабул карданд.