Ахиран дар муомилоти пулии Тоҷикистон ҳодисаҳои ошкор шудани пулҳои қалбакии 100 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, пулҳои қалбакӣ дар хориҷи Тоҷикистон тайёр шуда, сипас ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.
«Дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар Тоҷикистон то ҳол ҳодисаҳои ошкор гардидани пулҳои қалбакӣ кам ба мушоҳида мерасиданд, аммо агар ин зуҳурот саривақт пешгирӣ нашавад, шумори пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад зиёд шавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми истифодаи пулҳо ба ҳар кадоме аз пул диққат додан зарур аст ва мувофиқи имкон ҳамаи амалиёти пулиро бо арзи миллӣ баргузор намуда, ҳангоми ошкор шудани аломатҳои шубҳанок дар онҳо, дарҳол ба сохторҳои наздиктарини ВКД ва КДАМ хабар додан зарур аст.
«Амалиёт бо арзи миллӣ ё хориҷӣ бояд танҳо тариқи бонкҳо ё марказҳои хизматгузорӣ дар онҳо гузаронида шуда, дар навбати худ бонкҳо барои муайян кардани аслӣ будани пул, ба истифодаи воситаҳои техникии муосир - мошинҳои ҳисобкун ва детекторҳо уҳдадоранд», - қайд кард манбаъ.
Аломатҳои фарқкунандаи пулҳои қалбакӣ бо арзиши - 100 сомонӣ аз пулҳои аслӣ инҳоянд:
- Қоғази пул аз ду қабат сохта шуда, дар байни қабатҳои коғаз баъзе аз унсурҳои ҳимоявӣ, аз ҷумла риштаи ҳимоявӣ бо тасмачаи полиэтилении шаффоф бо навиштаҷоти “БМТ” дар байни қабатҳои коғаз ҷой карда шудааст. Барои шабеҳ будан ба коғази пули аслӣ қоғази пули қалбакӣ бо моддаи кимиёвии номаълум коркард шудааст ва аз ҳамин лиҳоз дар зери таъсири нурҳои ултрабунафш ҷило намедиҳад.
- Аломати обӣ бо тарзи кашидани расм ё бо ёрии тамға тақлид карда шудааст, вале тобишҳои хоси суратро надорад.
- Резанавиштҳо дар рӯй ва паси пул воқеъ дар зери расми И. Сомонӣ ва болои бино (парапет)-и “Қасри Президент” тақлид карда шудаанд ва дар зери заррабин хонда намешавад.
- Дар таҳти нурҳои ултрабунафш чоркунҷаи флуорэссенсӣ воқеъ дар маркази рӯи рости пул ва ҳамчунин нахҳои ҳимоявӣ ҷило намедиҳанд.
- “Ситорача”-ҳои ҳаштгӯшаи дар поёни қисмати сафеди пул ҷойгиршуда дорои хосияти барҷастагӣ мебошанд, аммо ҳангоми ламсидан барҷастагӣ ҳис карда намешавад.