Ба имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе тавсия дода шуд, ки дар баробари такмили донишҳои динӣ, тарзу усулҳои кор бо комютер ва истифода аз шабакаи инетернетро омӯзанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Маркази исломии Тоҷикистон, доир ба ин масъала дар мавзӯи “Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон”семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардидааст.
Ба ақидаи дастандаркорони чорабинӣ, маҳорату малакаи кор дар интернет ба муллоҳо барои муқовимати шоиста ба таблиғоти терроризм ва ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кумак мекунад.
Аз иштирокдорони семинар тақвияти корҳо баҳри эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири шабакаҳои иҷтимоие, ки тарғиботи ифротгароиро пешаи худ қарор додаанд ва ба воситаи чунин шабакаҳо ҷавононро ба кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷалб месозанд, даъват шуд.
Дар кори семинар имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе, коршиносон, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ширкат варзиданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.