Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хешону наздикони духтареро, ки бино ба маълумоти журналистони рус аз Тоҷикистон буда, волидонащ ба Ироқ бурдаанд, ҷустуҷӯ дорад.

Қобили зикр аст, ки дар яке аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бағдод духтаре бо номи Марям дарёфт шуд, ки эҳтимол меравад зодаи Тоҷикистон аст. Доир ба ин духтар дар шабакаи телевизионии Russia Today гузориш пахш шуд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ВКД тоҷикистон ба ҷустуҷӯи пайвандону наздикони духтар шурӯъ намуда, мушкилӣ дар он аст, ки духтар дар Сурия ба дунё омада, наздикони волидонаш дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки ӯро дида бошанд.

ВКД Тоҷикистон умедвор аст, ки дар ниҳояти кор наздикони Марям дарёфт шуда, танҳо хешовандонаш метавонанад ӯро аз паноҳгоҳ гиранд. ВКД аз ҳамаи шахсоне, ки духтарчаро шинохта ё маълумоте дар бораи ӯ дошта бошанд, дархост мекунад, ки бо телефонҳои 221-21-21 ё мобилӣ - 1919 ба вазорат маълумот диҳанд.

Журналистони русиягӣ ҳамчунин хабар доданд, ки дар ин паноҳгоҳи Ироқ боз се кӯдаки дигар ҳузур доранд, ки волидонашон шояд зодагони Тоҷикистон мебошанд, вале дар ВКД Тоҷикистон алҳол танҳо дар бораи Марям маълумот доранд.

Бино ба маълуомти СММ, айни замон 234 оилаи тоҷикистониён иборат аз 840 нафар дар қаламрави Ироқу Сурия қарор доранд, ки 309 нафарашон мардон, 279 нафарашон - занон, 110 нафар - духтарон ва 142 нафарашон - писарбачаҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҳукуматдорони Тоҷикистон, тайи ду сол, аз соли 2015 то соли 2017 19 оилаи иборат аз 61 нафари тоҷикистониён аз макони даргириҳо бароварда шудаанд, ки миёни онҳо 21 нафар духтарону 20 нафар писарбачаҳо ҳузур доштанд.