Забони ширин, ҳунари ошпазӣ, сохтани хонаи худ, рақси зебо... – чунин аст рӯйхати нопурраи ҳунарҳои мардони тоҷик, ки дили ҳар занро метавонад тасхир кунад. Дар ҳақиқат, тавре мақоли тоҷикӣ ҳам мегӯяд, ба як мард ҳатто чил ҳунар кам аст.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com рӯзи 19 ноябр Рӯзи байналмилалии мардон ҷашн гирифта шуда, ба ин муносибат хабаргузории Открытая Азия ҳунару одатҳои хуби мардони тоҷикро баршумурда, навиштааст, ки марди тоҷик бо ин сифатҳои худ метавонад дили ҳар занро ба даст биорад.
МАРДҲОИ ТОҶИК ОШПАЗИ ХУБАНД
Бо вуҷуди онки занони тоҷик кадбонуҳои хеле моҳиранд, тақрибан ҳамаи мардони тоҷик низ ҳунари хуби ошпазӣ доранд. Албатта, пухтани кулчақанду торт ё ширинӣ кори мардон нест, вале мардони тоҷик ош ё хомшӯрборо чунон хуб мепазанд, ки ҳатто оби даҳони занҳо меравад.
МАРДҲОИ ТОҶИК ПУЛИ ЗАНРО МЕДИҲАНД
Шояд ин одат ба занҳои пешрафта хуш наояд, вале боз ҳам барои бисёриҳо одате хушоянд аст. Мардони тоҷик бо он ки ба ҷои занон (ҳамсар, маъшуқа, ҳамкор – фарқ надорад) пул медиҳанд, хаёли паст задани онҳоро надоранд. Онҳо суннатан фикр мекунанд, ки мард бояд назар ба зан қавитар ва табъан бойтар бошад. Ба ин далел, тамоми корро мекунанд, то дар ин ақида собит бимонанд. Ва, албатта, боз барои он ки ба зан хуш биоянд.
МАРДОНИ ТОҶИК РАҚСИДАНРО ДӮСТ МЕДОРАНД
Дар Тоҷикистон тақрибан ҳамаи мардон мерақсанд. Онҳоро зиёд зорӣ кардан лозим нест, марди тоҷик, сарфи назар аз синну сол, дараҷаи сарват, мақомаш дар ҷомиа мехезаду ба рақс медарояд. Инки бархе хубтару бархе начандон хуб мерақсанд, масъалаи дигар аст.
MАРДОНИ ТОҶИК ЧОЙ МЕНӮШАНД, НА ШАРОБ
Фақат чой! Аксари мардони тоҷик ба машрубот алоқа надоранд. Албатта, мардони майнӯш дар Тоҷикистон ҳам ҳастанд, вале хеле ками дар кам. Мардони тоҷик дар ягон зиёфат ё ҷашн бо ҷамъи дӯстон менӯшанд, вале ҳеҷ гоҳ майзадаву майхора намешаванд.
ҲАР МАРДИ ТОҶИК ХОНАИ ХУДРО МЕСОЗАД
Боварнокарданист, ки марди тоҷик баъди издивоҷ дар хонаи ҳамсараш маскун шавад. Чунин мавридҳо тақрибан вуҷуд надоранд. Марди тоҷик бартарӣ медиҳад, ки ягон хонаро иҷора бигирад, вале мустақилона зиндагӣ кунад, на дар хонаи завҷа.
МАРДОНИ ТОҶИК ХУДАШОН БОЗОРӢ МЕКУНАНД
Дар Тоҷикистон хариди хона ё бозорӣ кардан ба ӯҳдаи мардон аст. Чунки кашондани халтаҳои вазнин кори осоне нест. Занон рӯйхати маҳсулоти лозимро тартиб медиҳанд ва мард бо ин рӯйхат роҳии бозор мешавад.
МАРДОНИ ТОҶИК ЗАБОНИ ШИРИН ДОРАНД
Забони форсии тоҷикӣ забони фавқулодда шоирона аст ва шоҳкорҳои адабие, ки ба ин забон офарида шудаанд, дар саросари ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардаанд. Пас мардоне, ки забони модариашон форсии тоҷикист, бо чӣ забоне метавонанд ҳарф бизананд? Албатта, бо як забони ширини шоирона! Ва аслан аҳамият надорад, ки рафторашон бо гуфторашон як нест. Аз ҳама муҳим забони ширин аст. Ва мардони тоҷик ин ҳунари хушзабониву хушсуханиро доранд!