Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки то 1 май ҳамаи «Старексҳо»-и мусфирбарро дар кӯчаҳои пойтахт бо автобусу троллейбус иваз намоянд.

Айни замон кори «Старексҳо» дар хатсайрҳои №13, №25, №28, №8, №2 қатъ шудааст. Ронандаҳои «Старексҳо» бекор намемонанд, онҳо дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул хоҳанд шуд.

«Мо то 1 май муҳлат додем, то ки ҳамаи «Старексҳо» аз хатсайрҳо аз кӯчаҳои шаҳр берун шуда, онҳо ба хатсайрҳои наздишаҳрӣ гузаронида шаванд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон барои равуои мусофирон дар шаҳр беш аз 200 автобусҳои нав сафарбар шуда, ба ин кор ҳамчунин микроавтобусҳои тамғаи «Мерседес-Спринтер» низ машғуланд, лекин то охири сол кори инҳо ҳам дар кӯчаҳои пойтахт қатъ мешавад.

«Барои Душанбе боз 100 адад автобуси нав харида шуда, ояндаи наздик онҳо низ дар хатсайрҳои Душанбе ба роҳ мебароянд. Айни замон дар пойтахт беш аз 2 ҳазор микроавтобусҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд. То охири сол мо онҳоро бо ҳисоби 8 ба 1 иваз карданием, яъне 8 микроавтобусро ба 1 автобус ё троллейбус иваз мекунем», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои номбурда, дирӯз кори «Старексҳо» дар хатсайри №28 қатъ шуда, он бо автобуси №32 иваз шудааст ва «Старексҳо»-и машғули кор дар ин хатсайр ба хатсайрҳои нави наздишаҳрии №48 ва №77 гузаронида шудаанд.

«Ҳадафи ин тағйирот кам кардани сарбории восиатҳои нақлиёт ва танбашавиҳо дар шаҳр буда, ғайр аз ин, «Старексҳо» нақлиёти ҷамъиятӣ нестанд, зеро ҳамагӣ 7 ҷойи нишаст дошта, барои мусофирон хеле нороҳат аст, - гуфт ӯ. - Автобус бошад, нақлиёти ҷамъиятиест, ки барои равуои шумори зиёди мусофирон пешбинӣ шудааст ва он барои одамони имконияташон маҳдуд низ бароҳату қулай мебошад».

Бино ба маълумоти, КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон», айни замон 76 троллейбус, беш аз 200 автобус ва зиёда аз 2 ҳазор микроавтобус барои мусофиркашонӣ ба роҳҳои пойтахт баромада, ба сурати умум дар пойтахт дар ду баст 2221 адад воситаи нақлиёти мусофиркаш хизматрасонӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.