Дар муроҷиатномаи намояндагони ҷомеаи шаҳрванди ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба унвони прокурори генералии Тоҷикистон риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд ба озодии баён, нашру истифодаи воситаҳои маълумот ва изҳори озодонаи ақида дархост мешавад.

Дар зер матни муроҷиатномаро манзуратон мегардонем:

«Муҳтарам Юсуф Раҳмон,

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эҳтироми  худро  ба  Прокуратураи  Генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор  намуда,  барои  таъмини  қонуният  риояи  дақиқ  ва  иҷрои якхелаи  қонунҳо  дар ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  изҳори  миннатдорӣ менамояд.

Намояндагони  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва  васоити  ахбори  омма  ҷиҳати назорат ба риояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон ва шаҳрванд,  ки  ҳамчун  арзиши  олӣ эътироф  шудаанд,  бо  баҳои баланд  арзёби  менамоянд.  Ҳамзамон  барои  риоя намудани  ҳуқуқи  конститутсионии  инсон  ва  шаҳрванд  ва  озодии сухан, нашр, ҳуқуқи  истифодаи воситаҳои ахбор,  изҳори озодонаи  ақидаи худ, ки ин  ҳуқуқу озодии  ҷустуҷӯ  кардан,   ба  даст  овардан  ва  паҳн  намудани  ҳама  гуна маълумот  ва  ғояро,  сарфи  назар  аз  марзҳои  давлатӣ,  шифоҳӣ,  хаттӣ  ё тавассути  матбуот  ё  шаклҳои  бадеии  изҳор  ё  дигар  усулҳо  изҳор  мегардад,  - барои сари вақт  ошкор  ва  бартараф  кардани ҳар  гуна  ҳуқуқвайронкунӣ,  сарфи назар  аз  он,  ки  ин  кирдор  аз  тарафи  кӣ  содир  мешавад,  барқарор  намудани ҳуқуқҳои вайронкардашуда ва бо тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, ба Шумо муроҷиат менамоем.

Суди  шаҳри  Хуҷанд  санаи  11-уми  июли  соли  2018,  Мирсаидов Хайруллоро  дар  айбдорӣ  бо  моддаҳои:  банди  “б”  қисми  4  моддаи  245 (Азонихудкунӣ  ё  исрофкорӣ),  банди  “а”  қисми  2 моддаи  340 (Сохтакорӣ,  тайёр кардан  ё  ба  соҳибияти  каси  дигар  додани  ҳуҷҷат,  мукофоти  давлатӣ,  штамп, мӯҳр  ва  бланкаҳои  қалбакӣ)  ва  бандҳои  “а,  в”  қисми  2  моддаи  346  (Дидаю дониста  расонидани  хабари  бардурӯғ)  Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  айбдор  дониста  ба  мӯҳлати  12  соли  маҳруми  аз  озодӣ  татбиқ намудааст.

Тибқи  маълумотҳои  ВАО-и  Тоҷикистон  моҳи  ноябри  соли  2017  Х. Мирсаидов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони мансабдор бо дархости дида баромадани далели коррупсия, ки ӯ  дар  рафти  фаъолияти  худ  ҳангоми  иҷрои  роҳбарии  кор  бо  ҷавонон  ва варзиш дар вилояти Суғд дучор гардида буд, мактуби кушода навишт.

Аммо,  ба  ҷои  он,  ки  ба  мақолаи  Х.  Мирсаидов  эътино  оварда  шаваду санҷиши прокурорӣ анҷом дода шавад ва натиҷаи он тавре, ки дар моддаи 144 Кодекси  мурофиавии  ҷиноятии  ҶТ  пешбинӣ  гардидааст  «Иттилооти воситаҳои  ахбори  омма  барои  оғози  парвандаи  ҷинояти  асос  шуда  метавонад, ба  шарте  ки  он  асоси  воқеи  дошта,  дар  рузнома  ё  маҷалла  дарҷ  гардида ё ба воситаи  радио  ва  телевизион  пахш  шуда  бошад»  ба  аҳли  ҷомеа  хабар  дода шавад, вале роҳбари МЗҲ Х. Мирсаидов барои интишори мақола дар ВАО бо ҷурми «дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ» айбдор карда шуд.

Бояд  қайд  намуд,  ки  дидаю  дониста  расонидани  хабари  бардурӯғ метавонад  танҳо  чунин  хабаре  дониста  шавад,  ки  метавонад  бевосита  боиси анҷом  додани  санҷиши  пешакӣ  гардад  ва  барои  оғоз  намудани  парвандаи ҷиноятӣ асос шавад. Ҷиҳати субъективии таркиби ҷиноят айбдорӣ дар шакли қасди бевосита дониста мешавад. Барои он, ки дар бораи моддаи мазкур гап занем далели он зарур аст, ки айбдоршаванда дарк мекунад, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидаю дониста доир ба содир шудани ҷиноят хабари бардурӯғро мерасонад  ва  хоҳиши  расондани  чунин  хабарро  дорад.  Ҳангоми  расондани хабар  шахси  айбдоршаванда  мехоҳад  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқро  гумроҳ  созад ва  бо  ҳамин  кирдор  бо  мақсади  ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  кашида  шудани шахси бегуноҳ ӯро гунаҳгор кунад. Дар ҳолати мазкур, Мирсаидов Хайрулло  нияти дидаю  дониста  расонидани   хабари  бардурӯғро  надошт.  Ӯ  ба  дурустии суханони  худ  боварӣ  дошт  ва  мехост  бо  ҳамин  таваҷҷӯҳи  аҳли  ҷомеаро  ба проблемаҳои ҷамъиятӣ равона созад.

Ба кишвари Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти байналмилалӣ вобаста ба рафъ  намудани  амалияи  фурӯнишонии  озодии  сухан  ва  баёни  ақида  дар кишвар  тавсияҳои  зиёде  дода  шуданд.  Хусусан,  чунин  тавсияҳо  аз  ҷониби давлатҳои аъзои  шартномахои СММ оид ба  ҳуқуқи башар (инсон) дар доираи Тафсири даврии универсалӣ (ба журналистон ва дигар шахсон ҷиҳати озодона татбиқ  намудани  ҳуқуқ  ба  озодии  баёни  ақида  имконият  фароҳам  оварда шавад.  Бо  мақсади  ҳифз  ва  ҳавасмандгардонии  озодии  баёни  ақида  ва  ҷорӣ намудани  маҳдудиятҳои  озодии  сухан  мутобиқи  уҳдадориҳои  байналмилалӣ тамоми  тадбирҳои  зарурӣ  андешида  шаванд,  бар  зидди  тамоюли фурӯнишонии озодии сухан, аз он ҷумла муқаррар намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти  мақомоти  воситаҳои  ахбори  омма  мубориза  бурда  шавад,  ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба фароҳам овардани муҳит, ки ба озодии ибрози ақида  мусоидат  мекунад,  тадбирҳои  мушаххас  андешида  шаванд  ва  ғайра), тавсияҳои  Гузоришгари  махсуси  СММ  доир  ба  масъалаҳои  ҳуқуқ  ба  озодии ақида  ва  озодона  баён  кардани  онҳо  (ба  монанди,  озод  кардани  тамоми фаъолони сиёсӣ, адвокатҳо ё журналистоне, ки дар асосҳои худсарона боздошт шудаанд…),  тавсияҳои  Кумитаи  СММ  оид  ба  ҳуқуқи  башар  (таҷдиди  назар намудани  қонунгузории  миллӣ  дар  бораи  тӯҳмат  ва  таҳқир  ва  андешидани тамоми  тадбирҳои  зарурӣ  ҷиҳати  кафолат  додани  он,  ки  ҳама  гуна маҳдудиятҳои  озодии  ибрози  ақида  пурра  ба  талаботҳои  қатъии  банди  3 моддаи 19 Паймон ва мулоҳизоти умумии №34 (2011 сол) оид ба озодии ақида ва  ибрози  онҳо  мутобиқат  мекунанд…)  ва  дигар  тавсияҳои  мақомоти байналмилалӣ дода шуданд.

Меҳисобем,  ки  бо  ин  Санади  қабулшудаи Суди шаҳри  Хуҷанд,  як қатор меъёрҳои байналмилилӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол гардидаанд, аз ҷумла:

-  талаботи моддаи 19 Паймони байналхалқӣ  оид  ба  ҳуқуқҳои  фитрӣ  ва сиёсӣ,  ки  муайян  кардааст:  ҳар  як  инсон  ба  изҳори  озодонаи  ақидаи  худ  ҳақ дорад;  ин  ҳақ  озодии  ҷустуҷӯ  кардан,  ба  даст  овардан  ва  паҳн  намудани ҳама  гунна  маълумот  ва  ғояро,   сарфи  назар  аз  марзҳои  давлатӣ,   шифоҳӣ, хаттӣ  ё  тавассути  матбуот  ё  шаклҳои  бадеии  изҳор  ё  дигар  усулҳо  бо интихоби худ дар бар мегирад.

-  банди 2 моддаи 19 Паймон  –  иштирокчиён  ӯҳдадоранд  ҳуқуқ  ба  баёни ақидаро  кафолат  диҳанд.  Ба  ин  баромадҳои  сиёсӣ  таснифҳо  ба  мавзӯъҳои шахсӣ  ва  сиёсӣ,   муҳокимаи  мавзӯи  ҳуқуқи  инсон,  фаъолияти  журналистӣ дохил мешавад .

Матбуоти  озод,  ба  ягон  сензура  ва  маҳдудкунӣ  қарор  надошта,  ва  ё дигар  воситаи  иттилоот  дар  ҳама  гуна  ҷомеа  ҷузъи  муҳими  таъмини  озодии ақида  ва  баён  кардани  он  буда,  инчунин  амалӣ  кардани  дигар  хуқуқҳои  дар Паймон  оварда  шуда  мебошад.  Маҳдудиятҳо  ва  оқибатҳо  барои истифода аз ҳуқуқ  ба  озодии  сухан  ва  баёни  ақида  бояд  принсипи  муносиб  ва  мувофиқ будани кирдори содиркарда ва оқибатҳои ба миён омадаро таъмин кунад.

Давлат бояд  чораҳои  босамар  барои  ҳимояи  дорандаи  ҳуқуқ  ба  озодии баёни  ақида андешад.  Ҳамин  тариқ,  агрессия нисбати шахсе, ки  ҳуқуқи  худро ба  озодона  баён  кардани  ақида,  инчунин  чунин  шаклҳои  агрессия  ба  монанди ҳабси  ғайриқонунӣ,  шиканҷа,  таҳдид  ба  ҳаёт  ва  куштор,  бо  моддаи  19  Паймон номувофиқ мебошад.

-  Тибқи  Мулоҳизаи  тартиби  умумии  №  34  Кумитаи  СММ  оид  ба ҳуқуқҳои  инсон  ягон  шахс  набояд  барои  ақида  ва  фикри  воқеӣ,  дар  назар дошта ва ё эҳтимолии худ,  ба маҳдуд кардани хуқуқ гирифтор карда шавад .

Таъкиб,  тарсонидан  ва  ё  доғдоркунии  (стигматизатсия)  шахс,  инчунин дастгиркунӣ, нигоҳ доштан дар ҳабс, баррасии суди ва аз озодӣ маҳрум кардан барои  фикру  ақидае,  ки  ӯ  метавонад  тарафдорӣ  кунад,  вайронкунии  банди  1 моддаи 19 Паймон мебошад .

Ҳамчунин,  талаботи  як  қатор  меъёрҳои  қонунгузории  миллӣ  поймол гардидаанд, аз ҷумла:

-    дар  талаботи  моддаи  30  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинӣ  гардидааст,  ки:  «Ба  ҳар  кас  озодии  сухан,  нашр,  ҳуқуқи  истифодаи воситаҳои  ахбор  кафолат  дода  мешавад.  Сензураи  давлатӣ  ва  таъқиб  барои танқид манъ аст».

-  моддаи 3  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикстон  «Дар  бораи  матбуоти  даврӣ  ва дигар  васоити  ахбори  омма»:  Ҳар  шахс  ҳуқуқи  озодона  ҷустуҷӯ,  дастрас  ва паҳн  намудани  ахбор,  изҳори  ақида  ва  дар  шаклҳои  бо  ҳамин  қонун муқарраршуда  паҳн  намудани  онҳоро  дар  матбуоти  даврӣ  ва  дигар  воситаҳои ахбори омма дорад.  Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

- моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» - ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он …….».

Бинобар ноадолатона будани Санади Суди шаҳри Хуҷанд, барои ошкор ва бартараф кардани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ, сарфи назар аз  он ки ин кирдор аз тарафи  кӣ  содир  мешавад,  барқарор  намудани  ҳуқуқҳои  вайронкардашуда  дар асоси моддаи 357 Кодекси мурофиаи  ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  моддаи 5 ва  37  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи  мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии  Тоҷикисион”,  эҳтиромона  хоҳиш  менамоем,  аз  болои  санади  суди,  ки хилофи  қонун  мебошад,  аз  ҷониби  Прокурори  Генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ЭЪТИРОЗ  оварда  шуда,  барои  бекор  кардани  он  ва  барқарор кардани адолати судӣ, мусоидат намоед.

Аз  Шумо  эҳтиромона  хоҳиш  карда  мешавад,  ки  дар  бораи  натиҷаи баррасии  муроҷиатамон бо тариқи хаттӣ огоҳ намоед».