Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инфографикаи Focus Economics чарх мезананд, ки дар он миёни кишварҳои қашшоқтарини ҷаҳон аз рӯи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон мақоми 4-умро ишғол мекунад.
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти Focus Economics, соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 835,97 долларро ташкил дода, бо ин нишондиҳанда гӯё Тоҷикистон дар рейтинги қашшоқтарин кишварҳои саросари дунё зинаи 4-умро касб мекунад.
Рейтинги шубҳанок
Зимни таҳияи рейтинг Focus Economics нишондиҳандаи танҳо 127 кишварро ба инобат гирифтааст. Дар ин даҳгона Бурунди, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Судони Ҷанубӣ, Малави, Мадагаскар ва Афғонистон ҳузур надоранд, ки дар дигар раддабандиҳо, аз ҷумла рейтинги Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) зикр мешаванд.
Тибқи пешгӯии ХБА барои соли 2018, байни 193 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 20-ум миёни қашшоқтарин давлатҳои саросари дунё қарор дорад.
Дар рейтинги Focus Economics мавқеи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ асоси воқеӣ надорад. Дар ин рейтинг Қирғизистон дар зинаи 10-ум қарор дорад, дар рейтинги ХБА бошад, дар мақоми 31-ум. Дар рейтинги Focus Economics Ӯзбекистон дар зинаи 8-ум ва дар рейтинги ХБА бошад, миёни давлатҳои қашшоқтарин дар мақоми 33-ум ҷойгир шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.