Мақомоти шаҳрдории Душанбе байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ озмуни кушод эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, озмун бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ гузаронида мешавад.

Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ғолиби озмун маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд. Озмуни муддати як моҳ идома ёфта, снаи 15 декабр ҷамъбаст мешавад.

Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳаҳои намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ тадбирҳо андешанд.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки намои зоҳирии таксиҳои машғули кор таҳти тамғаи ин ё он хадамоти такси тағйир дода мешавад ё не.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.