Дар яке аз меҳмонхонаҳои баобрӯи шаҳри Пекин Beijing Royal Kuntai Hotel маросими рӯнамоии китоби «Шиносоӣ бо Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои саофратхонаи Тоҷикистон дар Чин, китоби мазкур ба забони чинӣ интишор гардида, дар бораи таърих, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар ҳикоят мекунад. Нашр ва рӯнамоии китоб ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, бахшида шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчун ташаббускори таълиф ва чопи китоб корхонаҳои фаръии Корпоратсияи Миллии Нафтугази Чин – ширкати саҳҳомии SINO – Pipeline International Company Limited ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин Trans – Tajik Gas Pipeline Company Limited баромад намуданд.


Маросими ботантанаи рӯнамои китоб аз ҷониби ширкати SINO – Pipeline International Company Limited ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он кормандони аршади Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Чин, роҳбарон ва дипломатҳои аршади намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, роҳбарон ва кормандони аршади Корпоратсияи Миллии Нафтугази Чин ва корхонаҳои фаръии он, роҳбарияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, доираи ҷамъиятӣ ва илмӣ ва васоити ахбори оммаи Чин ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳангоми суханронии худ таъкид намуд, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба дар воқеъ ҳамчун соли пурбарор ва баргузории чорабиниҳои муҳиму натиҷаовар дар ҳама сатҳҳо ва соҳаҳо, пеш аз ҳама дар сатҳи олӣ ва баланд хотирмон арзёбӣ мегардад. Ӯ изҳор намуд, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва амниятӣ, Тоҷикистон ва Чин ба натиҷаҳои хуб дар бахши ҳамкориҳои гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг, илму маориф, ВАО, варзиш, сайёҳӣ ва равобити байниминтақавӣ ноил гардиданд.

Сафир Парвиз Давлатзода ҳамчунин ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва оид ба чораандешиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Қайд карда шуд, ки давоми солҳои иқтиқлолият кишвар ва пойтахти он сазовори хулоса ва баҳои баланди агентиҳои таҳлилӣ ва раддавии кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмлалӣ гардидааст.


Нашри китоби “Шиносоӣ бо Тоҷикистон” идомаи дастовардҳои ду кишвар дар самти гуманитарӣ, хусусан дар соҳаи туризм ба ҳисоб меравад. Ин тарҳи навбатии фарҳангиист, ки гурӯҳи ширкатҳои Корпоратсияи Миллии Нафтугази Чин дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд. Китоби мазкурро метавон барои онҳое, ки бори аввал ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард, ҳамчун роҳнамо тавсия дод. Вай ба сайёҳони чинӣ имконият хоҳад дод, ки хусусиятҳои кишвари моро дарк ва эҳсос намоянд.

Роҳбарияти сохтори масъули Вазорати корҳои хориҷии Чин ва котиби кумитаи ҳизбии ширкати SINO – Pipeline International Company Limited дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарони ҳарду давлат муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин таҳким ёфта, батадриҷ рушд мекунанд. Баромадкунандагони мазкур ҳамчунин қайд карданд, ки ба туфайли таърихи куҳан, ёдгориҳои чандинасраи фарҳангӣ ва адабиёти бойи таърихӣ ва муосир ва захираҳои нодири сайёҳӣ, Тоҷикистон ҳаррӯза беш аз пеш таваҷҷуҳи сайёҳонро аз тамоми ҷаҳон, хусусан сайёҳони чиниро ба худ ҷалб менамояд.

Дар рафти чорабинӣ ба ҳозирин наворҳои видеоӣ “Сайёҳат ба Тоҷикистон” ва «E-Visa Tajikistan – раванди дарёфти раводиди электронӣ ба Тоҷикистон» намоиш дода шуданд.

Иштирокдорон ҳамчунин бо намоиши имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, ки дар ҳошияи ҷамъомад дар толори баргузории чорабинӣ ороста шуда буд, ошно гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ҳар як иштирокчии чорабинӣ китоби «Шиносоӣ бо Тоҷикистон тақдим карда шуд.