Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷамъиятии Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 750 млн. сомонӣ грантҳо гирифтаанд.

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта дар ин робита изҳор намуд, ки 1 ҳазору 718 ташкилоти ғайридавлатии машғули кор дар ҷумҳурӣ соли 2018 дар ҳаҷми зерин грантҳо дастрас намудаанд: ҳудуди 58 млн. - бо доллари ИМА, қариб 8 млн. – бо евро, наздики 8 млн. – бо рубл, 2,5 млн. – бо фунт стерлинг, 6,5 млн. – бо франки швейтсарӣ ва ҳамчунин 78 млн. – бо сомонӣ.

“Грантҳо асосан аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатии машғули кор дар соҳаҳои ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва бахши иҷтимоӣ дастрас шудаанд”, - қайд кард вазир.

Зимнан зикр гардид, ки дар Тоҷикистон айни замон беш аз 2,5 ҳазор ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ сабтином шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, соли 2017 ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба маблағи умумии 854 млн. 117 ҳазор сомонӣ (беш аз 100 млн. доллар) грантҳо ворид шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.