Аввали сол раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тағйири тарзи ороиш (дизайн)-и ҳамаи мошинҳои сабукрави таксиҳои пойтахт қарор содир намуд. Ӯ ба ҳамаи корхонаҳои машғули мусофиркашонӣ дастур дод, ки то 15 июн ранги автомашинаҳои худро мутобиқи ороишоти тасдиқшуда тағйир диҳанд.

Ширкати “Рахш такси” аввалин корхонаест, ки ба ивази ранги автомашинаҳои мусофиркашонии худ шурӯъ намуд.

Маълумот доир ба ранги ягона гирифтани ҳамаи таксиҳои Душанбе охири соли гузашта расонаӣ шуд. Мақомоти шаҳрдории пойтахт доир ба беҳтарин тарзи ороишоти такси озмун доир намуда, тибқи лоиҳаи ғолиби озмун симои берунаи таксиҳои шаҳри Душанберо тасдиқ намуд.

Ҳамаи таксиҳои пойтахт то санаи 15 июн бо ишора ба номи ширкат рангҳои зарду сафедро ба худ мегиранд.

Ширкати “Рахш-такси” аз аввалинҳо шуда ба тағйири тарзи ороишоти нав пардохта, ранги автомашинаҳои он ба наздикӣ мувофиқи дизайни нав оро дода мешаванд.

Бубинед, ки симои нави автомашинаҳои ширкати “Рахш-такси” чӣ гуна хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.