Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон шоуи истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent-о ташкил мекунанд, ки фонди умумии ҷоизавии он каме бештар аз 63 ҳазор доллар (24 млн. танга)-ро ташкил медиҳад.

Ҳар яке аз кишварҳо ғолиби худро муайян мекунад, ки қариб 8 ҳазор доллар (3 млн. танга) мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби даври финалӣ ба каме бештар аз 26 ҳазор доллар (10 млн. танга) мукофтпулӣ соҳиб мешавад.

Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Ӯзбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.


Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Британия истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ мешавад.  

Акнун сокинони Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон низ бахти худро дар ин озмун санҷида метавонанд. Сокинони ин давлатҳо сарфи назар аз синнусолу ҷинс ва шуғлу андешаҳояшон нисбати ҳаёт, дар ин озмун иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок чиҳо лозим аст?

Барои роҳ ёфтан ба кастинг (интихоб) ҷиҳати иштирок дар шоу, маълумотнома (анкета)-ро пур карда, худро ба қайд гузоштан зарур аст. Инро метавон дар аккаунтҳои лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram ё мессенҷерҳои viber, whatsup ва Telegram бо рақами +7 700 600 24 24 анҷом дод. Рақам барои ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ҳақиқӣ аст.

 


Ба наздикӣ дар ҳар кадоме аз кишварҳо марказҳои хизматгузорӣ ифтитоҳ мешаванд, ки бо муроҷиат ба онҳо метавон дар бораи саволҳои мавриди таваҷҷуҳ посух гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.