Бунёди Оғохон бо ҷалби сармояи шарикон дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон боз як пули нав месозад.

Лоиҳаи созишнома байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар ҷумҳурӣ дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули нав аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст.

Дар созишнома сохтмони пули 180-метра бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он (18,5 км) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон пешбинӣ шуда, пули нав ноҳияи Фархорро бо ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон пайваст месозад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин лоиҳа аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархор роҳи автомобилгарди 50-километра сохта мешавад.

Маблағгузорӣ ба лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва Барномаи минтақавии ҳамгиройии Покситону Афғонистон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба Вазорати нақлиёт ҷиҳати имзои созишномаи мазкур ва зимни зарурат ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, ки хусусияти усулӣ надоранд, дастур додааст.

Ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда сана ва макони имзои санадро бо Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мувофиқа кунад.

Қобили зикр аст, ки айни замон байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳафт пул сохта шудааст. Қаблан Бунёди Оғохон дар қаламрави Бадахшон панҷ пул сохта, боз бо як пул ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо музофоти Хоҳон дар Афғонистон пайваст намуд. Ҳамчунин як пул дар болои дарёи Панҷ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати ИМА бунёд гардидааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.