Дар Тоҷикистон тартиби баргардонидани воситаҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанду мувофиқи тақсимоти комиссия дар мақомот ва муассисаҳои давлатӣ кор кардан намехоҳанд, таҳия шуд.

Санади мазкур 31 майи соли равон бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст.

Мувофиқи тартиботи ҷоришуда, мутахассисони ҷавон, ки дар дохил ё хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ (бар асоси шартномаи дуҷониба ва роҳхати мақомоти дахлдор) таҳсил ва маълумот гирифтаанд, уҳдадоранд, ки на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосашон дар муассисаҳои давлатӣ кор кунанд.

Шахсоне, ки дар хориҷи кишвар аз ҳисоби стипендияи байнулмилалии президенти Тоҷикистон “Дурахшандагон” маълумоти олӣ мегиранд, уҳдадоранд, ки муддати 5 сол аз рӯи ихтисосашон дар вазорату идораҳои дахлдор фаъолият намоянд.

Касоне, ки қарори комиссияи тақсимот ва роҳхати мақомоти дахлдорро бидуни сабабҳои узрнок нодида мегиранд (иҷро намекунанд), бояд воситаҳои масрафшудаи давлатиро бозпас баргардонанд.

Ин тартибот ҳамчунин ба мутахассисони ҷавоне низ дахл дорад, ки то анҷоми муҳлати ҳатмии кор бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод мешаванд.

Донишҷӯёне, ки бо сабаби риоя накардани интизом, қарзҳо аз имтиҳон, дермониҳо ё ҳузур надоштан дар дарсҳо ва дигар сабабҳои бидуни узр ё бесабаб аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд ё аз идомаи таҳсил даст мекшанд, воситаҳои сарфшударо барои таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар тибқи шартнома бармегардонанд.

Аз бозпас баргардонидани воситаҳои буҷетӣ шахс дар ҳолатҳои зерин озод карда мешавад: бо кор таъмин накардан, гузаштан ба мансабҳои интихобӣ, идомаи таҳсил, корношоям будан, доштани маъюбии дараҷаҳои 1, 2 ва 3, даъват ба хизмати ҳарбӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак, ҳамчунин агар хатмкардагон ятими кулл бошанд ё узви оилае бошанд, ки бе парастор мондааст.

Ҳаҷми воситаҳои пардохтмешуда аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо назардошти воситаҳои буҷетӣ ва шартномавӣ дар як сол барои як донишҷӯ ба ҳисоби миёна муайян карда мешавад. Зимни муайян кардани хароҷоти соллона сатҳи таваррум ба назр гирифта мешавад.

Дар тартибот гуфта мешавад, тайёр кардани мутахассисони ҷавон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои эҳтиёҷманди ҷумҳурӣ ба кадрҳо сарфи назар аз шакли тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ, амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.