Думаи Давлатиии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи аз се то ба як сол кам кардани муҳлати собиқаи кории ҳадди ақал барои мутахассисони хориҷӣ, ки бо тарзи осоншуда шаҳрвандии Русияро гирифтан мехоҳанд, дар қироати сеюм маъқул шуморид. Дар ин бора санаи 25 июн ТАСС хабар дод.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” дар қисмати камшавии муҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ, ки бобати муроҷиат бо ариза ҷиҳати қабул ба шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст, тағйирот ворид мекунад.

“Муҳлати кори заруриро аз се то ба як сол кам мекунем, то ки мутахассиони варзидаи кишварҳои хориҷӣ осонтару тезтар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда тавонанд”, - гуфтааст раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин.

Рӯйхати ихтисосҳо, ки шахсони соҳиб ба он ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тарзи соддашуда ҳуқуқ доранд, аз ҷониби ҳукумати Русия тасдиқ шудааст, хабар медиҳад Агентии федералии иттилоот (Федеральное агентство новостей).

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Думаи давлатии Русия, миёни ин мутахассисон табибону дорусозон зикр мешаванд.

“Байни ихтисосҳое, ки ба ин амал ҳуқуқ медиҳанд, ихтисосҳои гуногун - табибону дорусозон, коргарони дорои тахассуси баланд, математику муҳандисон, муҳандисони тарҳсоз, мутахассисон оид ба ҳифзи маълумот зикр шуда, дар сурати зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби онҳо ба кишвар бахусус муҳим мешавад”, - таъкид доштааст Вячеслав Володин.

Зимнан зикр мегардад, ки меъёрҳои нави ҳуқуқӣ бо гузашти 90 рӯз аз замони нашри расмии қонун мавриди амал қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.