Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистоӣн Сомнат Гош рӯзи 4 июл ба оғози амалисозии лоиҳаи иншооти "Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи "Чортут"-и пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, қитъаи роҳи мазкур барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт пешбинӣ шудааст.

“Баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, автомашинаҳое, ки  аз водии Ҳисор ба самти вилояти Хатлон мераванд, дигар тариқи роҳҳои пойтахт ҳаракат намекунанд”, - иброз дошт манбаъ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи автомобилгардро бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр иборат аз 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ (развязка), чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дарбар мегирад.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт тӯл кашида, бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.