Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамкориро бо ширкати “Фароз” дар соҳаи ташхис расман тасдиқ намуд.
Муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкати “Фароз дар самти таъмиру бо таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), ҳамчунин пардохти иловапулиҳо ба кормандони ин озмоишгоҳҳо идома дорад.
Ӯ қайд кард, ки ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат тарзи муосири ҳамкорӣ буда, ба сарфаи маблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад.
“Чунин таҷриба ҳатто дар давлатҳои рушдёфта низ роиҷ аст. Чун имрӯз аз ҳисоби буҷет ҳама чизу шароити заруриро таъмин карда наметавонем, чунин воситаи ҳамкориро роҳандозӣ намудем”, - гуфт муовини вазир.
Саида Умарзода иттилоъ дод, ки ширкати “Фароз” ва муассисаҳои зери назорати он ба рушди соҳаи тиббӣ кумак мекунанд.
“То имрӯз ҶДММ “Беҳдоштӣ” - ширкати зертобеъи “Фароз”, ки озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба он тааллуқ доранд, ба 45 ҳазор нафар сокинон бепул хизматрасонӣ кард. Ғайр аз ин, ширкати “Фароз” Маркази мубориза бо гепатитҳои вррусиро дастгирӣ намуда, ҳайати шахсиро меомӯзонад ва озмоишгоҳҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, иловапулиҳоро ба кормандони марказ пардохт мекунад”, - қайд кард Саида Умарзода.
Ӯ ҳамчунин масъалаи гарон шудани маълумотномаҳои тиббиро баъди ба ихтиёри ширкати “Фароз” супурдани озмоишгоҳҳо шарҳ дод.
“Масалан, барои гирифтани маълумотнома (справка)-и шакли 032 (барои ба мактаб қабул кардани кӯдакон) муоина дар марказҳои солимӣ аз ҷониби табибон 31 сомонӣ ва ташхисҳо дар озмоишгоҳҳои “Беҳдоштӣ” - 58 сомонӣ нарх доранд. Ин пулҳо асосан барои дастрас кардани реактивҳо барои ташхис харҷ мешаванд”, - илова кард ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.