АНОНС

- Дар қаҳвахонаи Parking (кӯч. Шотемур, 42) соати 17:00 бо иштироки сармуҳаррири “Такие дела” Анастасия Лотарева #JLab доир мегардад. Ӯ ба саволҳои: журналистикаи иҷтимоӣ чист посух мегӯяд. Чӣ гуна метавон воқеаро ҳикоят кард, то ки он чизеро дар ҳаёти одамон тағйир диҳад? Барои иштирок сабт бо суроғаи https://bit.ly/2Z0Bq4E ҳатмист. Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст! Телефон: +992 939393290

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.7000 сомонӣ;

1 евро – 10.7709 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1446 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2011 — Президент қонун «Дар бораи афв»-ро ба имзо расонид, ки мутобиқи он 4 ҳазор нафар маҳбусон озод карда шуданд.

2018 — Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид муҳлати таҳримҳо нисбати Гулмурод Ҳалимовро дароз кард.

1936 – Зодрӯзи шоир Наимҷон Назирӣ.

1939 – Мавлуди шоир Мақсуди Гулчин.

1953 – Зодрӯзи Мирзошоҳрух Асрорӣ, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

1957 – Мавлуди сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Озодамоҳ Мӯҳтарамова.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 20 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.