АНОНС

Муовинони дабири кулли СММ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар бораи коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ брифинг мегузаронанд;

- Бозиҳои аввали даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон 2019 баргузор мешаванд: “Хатлон” - “Хуҷанд” (варзишгоҳи “Авиатор”, Душанбе); «Эсхата» - “Истиқлол” (варзишгоҳи “Спартак”, Хуҷанд); КМВА “Помир” - “Регар ТадАЗ” (варзишгоҳи КМВА “Помир”) ва “Ҳулбук” - “Ҷайҳун” (дар Восеъ). Оғози бозиҳо соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.7000 сомонӣ;

1 евро – 10.7398 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1452 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Таъсиси Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода.

1981 – Олимон бори нахуст дар бораи гармшавии глобалӣ дар Замин хабар доданд.

2008 — Дар Бозиҳои XXIX Олимпиадаи тобистона варзишгари тоҷик дар гӯштии тарзи озод (вазни то 84 кило) Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

1926-2006 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Оиша Сарварова.

1927 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Барботко.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 21 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.