Корҳои тахриби хонаи истиқоматии воқеъ дар канори Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Як тарафи бино аллакай то сатҳи ошёнаи дуюм кӯчонида шуда, дар боми қисмати дигари бино булдозер ва дигар техникаи махсус машғули кор аст.

Мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт дар ҷойи бинои истиқоматӣ бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 81 меҳмонхонаи панҷситорадор қомат меафрозад.

Қаблан сардори дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Диловар Баротов дар ин робита изҳор дошт, ба ҳар як сокини ин бинои истиқоматие, ки тибқи нақша бояд тахриб шавад, вобаста ба ҳаҷми хонаҳои қаблиашон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (сохтмонаш айни ҳол давом дорад) манзилҳои замонавӣ дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.