Шурӯъ аз рӯзи шанбе 24-уми август тахриби бинои шафати мағозаи бо ном машҳури ЦУМ ё маркази савдои Тоҷикистон оғоз гардид. Сокинони манзили истиқоматӣ ва соҳибкороне, ки дар қабати аавали он мағоза доштанд, акнун анҷоми худро барои кӯчидан омода мекунанд.

Аз рӯи тарҳи генералии шаҳри Душанбе, ба ҷойи ин бино (воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 81) сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор  оғоз хоҳад шуд. Маросими гузоштани санги асос рӯзи 4-уми сентябр бо иштироки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ доир хоҳад шуд.

Сардори Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Диловар Баротов  дар сӯҳбат бо хабарнигори мо оид ба шурӯи тахриби бинои болозикр ва тақдири сокинону  соҳибкорон чунин гуфт:

- Айни ҳол комиссияи махсус оид ба нархгузории хонаҳои истиқоматӣ ва ба ҷойи зист таъмин намудани сокинон кор бурда истодааст.  Ба ҳар як сокини манзили истиқоматие, ки тибқи нақша бояд тахриб шавад, вобаста ба ҳаҷми хонаҳои қаблиашон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (сохтмонаш айни ҳол давом дорад) манзилҳои замонавӣ дода мешавад.

Меҳмонхона аз ҷониби ширкати сохтмонии «Себистон-2018» бунёд шуда, он ба талаботи ҳозираи шаҳрсозӣ ва меъморӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.  То ду соли дигар қарор аст дар Душанбе боз нуҳ меҳмонхонаи нави замонавӣ бунёд шавад. Дар робита ба ин як қатор биноҳои бозмонда аз солҳои шӯравӣ тахриб ва сокинони онҳо ба ҷойҳои дигар кӯчонида хоҳанд шуд.

Аз шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ноҳияи Исмоили сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бинои мазкур аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ надорад ва дар фурсати мувофиқ корҳои асосӣ оид ба тахриби он шурӯъ хоҳанд шуд.

1/9

Қобили зикр аст, ки моҳи июли соли равон дар Кохи миллат бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии 9 меҳмонхонаи нав баргузор шуд.

Меҳмонхонаҳо бо шумори умумии 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Онҳо аз ҳисоби соҳибкорон бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.