Роҳбари ширкати “Tojikon Holiday” Мансур Неъматов, ки машғули баргузории маросимҳои тӯёна аст, як иқдоми хайр доир кард: ӯ 100 таксӣ фармоиш дода, ба оилаҳои камбизоат маҳсулоти ғизоӣ фиристод.

Ин тарзи кумакро Неъматов пас аз тамошои навори блогери рус Михаил Литвин, ки бо 50 таксӣ ба камбизоатон кумак фиристод, интихоб кард.

“Бо дӯстон ин наворро тамошо карда, тасмим гирифтем, ки шумори мошинҳоро бо кумак бештар кунем. Дар як вақт 100 таксӣ фармоиш дода, дар онҳо ба ниёзмандон кумак фиристодем”, - гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Мансур Неъматов.

Кумак аз орду картошка, пиёзу биринҷ, равған, шакар ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, ҳамчунин маводи доруворӣ иборат буд.

Аз ҷумла, худи ронандагони таксӣ низ имкон доштанд, ки оилаи камбизоати барои худашон шиносро интихоб карда, кумакро ба он хонавода баранд.

“Ҳар моҳ аз даромадамон дар шабакаи YouTube маблағ ҷамъ оварда, ба камбизоатон дасти ёрӣ дароз мекунем”, - иброз дошт Неъматов.

Ӯ ба суоли “барои ин иқдоми хайр чӣ қадар маблағ сарф шуд?” посух нагуфт, вале марбут ба ин дар шабакаи YouTube хабар дод. Навори ин видеоро аллакай беш аз 184 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Вай афзуд, бо гузоштани навори видео дар шабака хостори он аст, ки дигарон ҳам ба ин амали ӯ пайравӣ кунанд.

“Чунин иқдомҳоро таблиғ мебояд кард, то ки дигарон низ ба он пайравӣ кунанд. Касе гуфт, ки бо 200 мошин иқдоми хайрия доир мекунад. Ин аллакай нишонаи хуб аст, агар ӯ ин корро кунад, пас дар минбаъдааш ман бо 1000 таксӣ баргузор мекунам”, - изҳор дошт роҳбари “Tojikon Holiday”.

Ширкати мазкур соли 2002 бо ташкили чорабиниҳои тӯёна ба фаъолият шурӯъ кард. Тадриҷан соҳаи фаъолият густариш ёфта, соли 2011 “Tojikon Holiday” ба шумори ширкатҳои пешрафтаи бахши истироҳату фароғат дохил шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.