Ба идораи “Азия-Плюс” аз номи маъмурият ва соҳибкорони бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд нусхаи муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон ворид шуд.

Дар он доир ба маҳрум сохтани ҶСП “Фортуна” аз моликияти қонуниаш – бозори марказии “Панҷшанбе”, ҳамчунин мавридҳои зиёди риоя накардани қонунгузорӣ зимни қабули ин қарор сухан меравад.

Ин муроҷиатномаро дар зер манзуратон мегардонем:

“Нахуст барои дастгирии доимӣ ва ҳамаҷонибаи соҳаи соҳибкорӣ, Пешниҳоди имтиёзҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ, барои фаъолияти муваффақонаи соҳибкорӣ ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ, ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузории беинтиҳо баён менамоем.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Ҳукумати кишвар ба рушди соҳибкорӣ аҳамияти бузург дода, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ инкишофи фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монданд. Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки он давраҳо чӣ гуна мушкил буд ва шукр аз он, ки тавассути далериву қаҳрамонӣ ва дурандешии  Ҷаноби Олӣ, дар Ватанамон ба сулҳу осоиштагӣ замина гузошта шуд.

Яке аз соҳибкорони муваффақе, ки дар ҳамон замон аз вазъияти ногувори баамаломада канораҷӯйӣ накарда, ҳамеша бо Ватан, бо Сарвари қаҳрамони миллат ҳамдилу ҳамқадам шуда, ба фаъолияти серсоҳаашон асос гузоштаанд, Абдураҳим Исмоилов – муассиси ҶСП “Фортуна” (Бозори марказии “Панҷшанбе”) мебошад. Ҳамзамон ин шахсияти ташаббускор вакили Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва ҳоло шаҳри Хуҷанд аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор маҳсуб мешавад.


Абдураҳим Исмоилов баробари яке аз нахустин пионерони ҳаракати соҳибкорӣ буданаш, ҳамзамон муассиси ҶСП “Евро-Азия 2005” ҳам ба ҳисоб меравад. Соли 1997 тибқи супориш ва пешниҳоди Ҷаноби Олӣ дар яке аз мулоқотҳо бо соҳибкорон, дар ҷумҳуриамон якумин шуда, ба истиқболи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, дар коргоҳи таъсисдодааш истеҳсоли обҳои маъданӣ ва ташнагишиканро бо истифода аз технологияи муосири Олмон, Италия ва Фаронса ба роҳ монд. Маҳсулоти он натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам писанди мардум гардида, соҳиби даҳҳо ифтихорномаҳо, 9 медали намоишгоҳҳои бонуфузи байнулмиллалӣ (5 тилло  ва 4 нуқра),  байни 87 мамлакат унвони фахрии “Корхонаи беҳтарини сол”-ро ноил гардид. Ин  музаффариятҳо ҷавоби арзандаи аҳли меҳнати коргоҳ ба иқдоми хирадмандонаи дар ҷаҳон эътирофгардидаи Ҷаноби Олӣ “Соли байнулмилалии оби тоза” ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин муассис дар шароити норасогии қувваи барқ соли 2010 дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ҶДММ ШИИИ “Сомон-Энержӣ”-ро таъсис дода, истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ва светодиодиро ба роҳ монд. Коргоҳ лоиҳаҳои азимро доир ба чароғонгардонии шоҳроҳи байнулмилалии “Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон”, кӯчаҳою майдонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, Роғуну Кӯлоб  ва ғайра амалӣ кард.

Муассис соли 1999 дар асоси пешниҳоди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии собиқ вилояти Ленинобод, ба воситаи Ҷамъияти таъсисдодааш – ҶСП “Фортуна” тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонун, Бозори марказии “Панҷшанбе”-ро (минбаъд – бозори “Панҷшанбе”) харидорӣ намуд. Соҳибмулки пештараи он – Иттифоқи матлуботи вилоят ба талаботи таъмири кулл ва ободгардонии бозори мазкур дар арафаи ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён ва 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, нотавонии молиявии худро эълон карда, хоҳиш намудааст, ки онро ба ягон соҳиби нави уҳдабаро фурӯшад. Ҳуҷҷатҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ (масалан, рӯзномаи “Ленинабадская правда” аз 10.11.1962с., № 7823) шаҳодат медиҳанд, ки бозори “Панҷшанбе” аз таърихи мавриди истифода қарор гирифтанаш (аз соли 1962 то 1999, яъне то ба масъулияти ҶСП “Фортуна” гузаронида шуданаш) ягон маротиба таъмиру тармими капиталӣ нашудааст ва аз ин сабаб, он дар ҳолати пурраи садамавии техникӣ қарор дошт ва бинобар хатари ногаҳон аз байн рафтани он, ҳатто масъалаи фавран боздоштани истифодаи минбаъдааш ба миён омада буд.


Он вақтҳо бозори мазкур ба касе даркор набуд

Ҷавобан ба талаботи Раиси вилояти Ленинобод (мактуб аз 27.10.1998с., № 545-1/7) “Дар бораи зарурати таъмиру тармими кулли фаврии биноҳои бозори “Панҷшанбе”, Иттифоқи матлуботи вилоят дар Қарори худ аз 31.12.1998с. тахти № 118-р, иҷроиши Дархости мазкурро имконнопазир донистааст, зеро барои гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ тахминан 8-10 сол маблағ ҷамъ кардан лозим будааст. Аз ин лиҳоз, оид ба мақсаднок будани фурӯши иншоот хулосабарорӣ намуда, қарори мазкурро қабул кардааст. Ҳамчунин пешниҳоди Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод (Суғд) дар Қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аз 11.01.1999 сол, таҳти №2 низ ҷонибдорӣ карда шуда, дар он минҷумла чунин омадаст: “Ҳолати ҷиддан ногувори молиявии натанҳо Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод, балки умуман системаи ҷумҳуриявииТоҷикматлубот”-ро ба назар гирифта, ба Раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод оид ба фурӯши бозори “Панҷшанбе”-и ш.Хуҷанд иҷозат дода шавад”.

Ҳамин тавр, дар асоси Шартномаи хариду фурӯш аз 15.01.1999с. ва қонунҳои амалкунанда бозори “Панҷшанбе” ба ихтиёрдории ҶСП “Фортуна” гузашта, дар натиҷаи масрафи зиёди молиявӣ, иҷрои корҳои азими таъмирӣ ва барқарорсозию устуворгардонӣ ба он “ҳаёти дубора” бахшида шуд. Ҳамзамон муҳимтараш он аст, ки ҶСП “Фортуна” ягон нафар корманди бозорро аз кор озод накардааст. Тамоми кормандону соҳибкорони Бозори марказии “Панҷшанбе” аз фаъолияти маъмурӣ-хоҷагидории ҶСП “Фортуна” розӣ ва қаноатманд ҳастем.  

Мутаассифона, 10 сол қабл моликияти қонунии Ҷамъияти саҳҳомии мо ба хатари мусодираи маҷбурӣ дучор шуда буд, зеро санаи 02.04.2010с. Суди олии иқтисодӣ (минбаъд – СОИ ҶТ)  аз рӯйи даъвои беасоси ҳайати пештараи яке аз мақомотҳои қудратӣ, ки барои овардани даъво нисбат ба моликияти ғайридавлатӣ куллан ҳуқуқ надошт, дар давраи амали Қонун “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 26.03.2009с., № 505), ки ба фаъолияти соҳибкорӣ дахолат карданро қатъиян манъ кардааст, бар хилофи моддаи 221-и Кодекси гражданӣ, ки муҳлати даъворо 3 сол (тибқи Кодекси мазкури то соли 2000 амалкарда – 1 сол буд) муқаррар намудааст, ҳалномаи ғайриқонуниро қабул кардааст. Тибқи он ба ном “ҳалнома”, Шартномаи хариду фурӯши бозори “Панҷшанбе” (аз 15.01.1999с.) ноадолатона беэътибор дониста шуда, бозорро барои бо нархи ибтидоӣ ($261306,53) ба Тоҷикматлубот гузаронидан қайд карда шудааст. Яъне дар “ҳалнома” баргардонидани нархи аввалаи хариду фурӯш (260 000 000 рубл) нишон дода шудааст, ки ба чунин амал ақли солим бовар намекунад, зеро ин нарх ба бинои садамавии фарсудашудаи пештараи бозор (дар соли 1999) тааллуқ дорад. Хароҷоти зиёди молиявии ба маъракаҳои чандинкарата ва чандинсолаи таъмири капиталӣ масрафшударо дар назар надорад ва ҳеҷ гоҳ ба қоидаҳои муайян намудани арзиши аслию тавозунии амволи ғайриманқул, ки торафт баланд шуда истодааст, инчунин ба равиши объективии инфлятсионӣ мутобиқ намебошад.


Инак, муддати солҳои сипаришуда аҳли меҳнати Ҷамъияти саҳҳомӣ ва мо – соҳибкорон дар ташвиш аз ояндаи фаъолияти худ қарор дорем. Мутаассифона, тамоми муроҷиатҳои мо ба мақомотҳои салоҳиятдор то ҳол ба натиҷаҳои дилхоҳ наоварданд ва имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти судӣ кӯшиши саросемавори иҷроиши ба ном “ҳалнома”-и махсусан ғайриқонунии ҳайати пештараи судӣ, ки ба мусодираи  маҷбурии моликияти ҷамъиятии мо бо нархи ибтидоӣ равона шудааст, дар авҷ аст.

Ба қонунгузорӣ пурра мутобиқат кардани амалиёти хариду фурӯши бозорро тамоми мақомотҳои олии дахлдори ватанию байналхалқӣ (“Контракт”), минҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои Адлия, Молия, Фарҳанг, Шӯрои Амният, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои Иттифоқи матлуботи ҷумҳуриявию вилоятӣ, ҳамчунин Хулосаи тахассусии Комиссияи давлатии махсустаъсисдодашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20.07.10с., № 1-7.1/573, аз 15.10.10с., № 1-7.2/844) ва Дастуру розигии тамоми сатҳҳои мақомотҳои Ҳокимияти давлатӣ тасдиқ менамоянд (зиёда аз 15 хулосаҳои ташхиси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва тасдиқномаҳо).

Ғайр аз он, оид ба комилҳуқуқ будани Ҷамъияти саҳҳомии мо нисбат ба амволи зикршуда Шаҳодатнома “Дар бораи қонунигардонии молу мулк” (аз 14.07.2008с., № 286), ки дар асоси Қонун “Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунӣ гардонидани молу мулк” (аз 16.05.2007с., № 271) дода шудааст, гувоҳӣ медиҳад.  

Тибқи Қонун “Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Иттифоқҳои матлубот ҳуқуқ доранд моликияти худро ба иҷора диҳанд, ба гарав гузоранд, фурӯшанд ва ғайра.

Тибқи моддаи 265-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати бозпас гирифтани иншоот, ҳатман арзиши аслии озоди имрӯзаи он пурра (пардохт) баргардонида мешавад.

Мутобиқи моддаи 32-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати баргардонида гирифтани моликият барои эҳтиёҷоти ҷамъият, фақат дар асоси Қонун ва бо розигии соҳиби он,  бо  пардохти  арзиши  аслии  пуррааш  гирифта  мешавад.

Мутобиқи моддаи 21-и Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (№ 1107, аз 26.07.2014с.), субъекти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқи моликият буда, он аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Молу мулки субъекти соҳибкориро барои эҳтиёҷоти давлатӣ фақат дар асоси Қонун ва розигии ӯ бо пардохти арзиши пуррааш ё пешниҳоди молу мулки баробарарзиш гирифтан мумкин аст.

Инчунин қайд менамоем, ки ҷавобан ба Муроҷиатномаҳои ҶСП “Фортуна” ба Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди баҳои ҳуқуқӣ додан ба санадҳои судии СОИ ҶТ (аз 02.04.2010с.)», ин Мақомоти Олии Судӣ дар Таъинот (аз 20.11.2011с.) ва Тавзеҳоти худ (аз 11.07.2012, сол № 403), бинобар дар “ҳалнома” ҷой доштани қонунвайронкуниҳои зиёди махсусан ҷиддӣ, ҳалномаи мазкурро мавриди танқиди қатъӣ қарор дода, ислоҳи онро талаб намуда, иҷроишашро имконнопазир ҳисобид. Тибқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, доир ба онҳо шикоят овардан мумкин нест ва иҷроишашон барои ҳамаи мақомотҳои давлатӣ (аз ҷумла, судӣ), шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

Лекин вақтҳои охир ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии мақомотҳои салоҳиятдори кишвар нигоҳ накарда, СОИ ҶТ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки иҷроиши ин “ҳалнома”-и аз лиҳози қонуншиканӣ беадлу беинсофро, бо арзиши соли 1999, бидуни ҷуброни таъмиру азнавсозӣ, садҳо маротиба афзудани арзиши амволи ғайриманқул ва масолеҳи сохтмонӣ, дараҷаи инфлятсия иҷро намояд. Вобаста ба ин шоистаи қайд аст, ки бо Таъиноти СОИ ҶТ (аз 12.09.2018с.), КВД доир ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нархгузорӣ ҷалб карда шуда, бо Хулосаи муассисаи мазкури давлатӣ, нархи аслии бозории имрӯзаи бозори “Панҷшанбе” – 79 008 706 (ҳафтоду нӯҳ миллиону ҳашт ҳазору ҳафтсаду шаш) сомонӣ муайян ва тасдиқ карда шудаст (Ҳисоботи хулосавии № 589, аз 09.10.2018с.). Пас, дар асоси кадом қонун амволи ҷамъиятии моро ба соҳиби пештарааш, ки қаблан бинобар нотавониаш аз он даст кашида буд, маҷбуран бо арзише, ки ба он ақли солим бовар намекунад, баргардониданианд? Албатта, чунин иқдом бемантиқу нобахшиданӣ аст.


Иттифоқи Тоҷикматлубот дар айни буҳрон ва вазнинии рӯзгор дар мамлакат, аз уҳдаи таъмиру тармим, барқарорсозӣ ва ободонии бозор набаромада, зиёда аз 1200 нафар соҳибкоронро ба ҳукми тақдир партофт. Хушбахтона, ҳамин муассиси ватандӯст бозори “Панҷшанбе”-ро таҳти сарпарастии худ гирифта, онро таъмиру обод кард. Ягон нафари мо – соҳибкоронро аз ҷойи кориамон маҳрум накардаанд ва то имрӯз фаъолиятамонро давом дода истодаем.

Ҳоло бошад, ҳамин коллективи меҳнатиро боз ба Иттифоқи Тоҷикматлубот супурдан чӣ зарурат дорад? Ин тарҳ аз рӯйи Қонуну инсоф набуда, мо ҳаргиз ба ин амал розӣ нестем!

Ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии асили манфиатҳои соҳибкорон бо умеду боварии комил муроҷиат менамоем, то ки мушкилии бисёрсолаи мо ҳалли қонунию боадолатонаи худро пайдо кунад ва моликияти ҷамъиятии мо ҳаргиз бегона карда нашавад.

Мо аз таҳти дил ба Шумо – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси арҷманди он – кафили Конститутсия ва ҳуқуқҳои конститутсионии ҳамаи шаҳрвандони кишвар эътимоди бепоён дорем. Ҳамзамон бо таассуф Шуморо хабардор менамоем, ки мутаассифона, вақтҳои охир мушоҳида шуда истодааст, ки як зумра ашхоси алоҳидаи барои мо номаълум бо тариқи пинҳонӣ, бар хилофи сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо қонунвайронкуниҳои зиёди махсусан ҷиддӣ мусодираи маҷбурии амволи Ҷамъияти саҳомии моро амалӣ созанд ва бо ин мақсади нодуруст ба мақомотҳои покиза ва адолатпарвари судӣ фишор оварда истодаанд. Бояд пеши роҳи чунин бадхоҳон фавран гирифта шавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо ба беғаразӣ ва мустақилии судҳои Ҷумҳурӣ боварӣ дорем ва танҳо қабули ҚАРОРИ ҚОНУНӢ, КОНСТИТУТСИОНӢ ВА БОАДОЛАТРО интизорем.

Ҳамзамон қайд карданием, ки бо ташаббуси муассис зиёда аз 1000 ҷойи корӣ созмон дода шуда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ ва расидан ба Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишвар саҳми арзанда доранд.

Бо ин мақсад, дар арафаи Ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо супоришу дастурҳои Пешвои муаззами миллат, муассиси Ҷамъияти саҳомии мо ният дорад корхонаҳои навро таъсис диҳад.

Ғайр аз он, бунёд ва кушодани Муасиссаи муосири таҳсилоти миёнаи умумии русӣ-тоҷикӣ ва кӯдакистон барои фарзандони болаёқат бо омӯзиши мукаммали забонҳои хориҷӣ, инчунин ташкили поликлиникаи бачагона дар шаҳри Хуҷандро дар амал татбиқ карда истодааст.

Лекин мушкилоти бамиёномада моро нисбат ба тақдири оянда, кафолати дахлнопазирӣ ва бехатарии натанҳо муассисаҳои истеҳсолию тиҷоратии фаъолиятдоштаамон, балки иншоотҳои бунёдшаванда зери шубҳаю нобоварӣ гузошта истодаанд.

Мо шукри Сулҳу Ваҳдати миллиро намуда, ҷонибдори асили сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат будем, ҳастем ва то ба охир чунин мемонем.

Азбаски мактубҳои мо то имрӯз беҷавоб мондаанд, маҷбур шудем ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбарандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, аз тариқи ин рӯзномаи маъруф муроҷиат намоем”.