Рӯзи 12-уми ноябр дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и Душанбе таҳти унвони “Ман – Ҳамсоли Тоҷикистони Соҳибистиқлол” (Я Ровесница Независимого Таджикистана) намоишгоҳи аксҳо баргузор шуд.

Ба гуфтаи яке аз масъулони баргузории чорабинӣ Манзура Ӯлҷабоева, дар намоишгоҳ аксҳои занони манотиқи гуногуни кишвар, ки дар ин ё он соҳа ба комёбӣ ноил гардида, “барои ҷавонони муосир намунаи ибрат мебошанд”, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоишгоҳро ширкати “Идея” ташкил кард. Рушди лоиҳа минбаъд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар назар аст. Ҳамаи аксҳои пешниҳодшуда намоишгоҳ дар саҳифаҳои ширкат дар Facebook ва Instagram бо зикри фаъолият ва макони зисти ҳар кадом аз қаҳрамонзанон нашр хоҳад шуд.

1/15

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.