Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки нуқсонҳои марбут ба пардохти маблағҳои интиқолшударо аз байн мебарад. Айни ҳол фақат низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” фаъол буда, интиқоли пул ба “Корти миллӣ” низ имконпазир аст.

Бо супориши Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе, 7-8 декабри соли равон тамоми ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар барои амалӣ кардани интиқоли маблағ ва дигар намуди хизматрасониҳо фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи матбуоти БМТ иттилоъ доданд.
“Шаҳрвандон маблағҳои интиқолии худро метавонанд тавассути низомҳои пардохтии “Юнистрим” (12-рақама) ва “Контакт” (8 ва 9 рақама) амалӣ намоянд. Айни замон истифодаи кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” ғайриимкон аст”, - афзуд манбаъ.
БМТ ду рӯз пеш иттилоъ дода буд, ки мизоҷон ҳамчунин маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас карда метавонанд. Ҳоло интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба корти БДА “Амонатбонк” имкон надорад.

Asia-Plus оид ба ин мавзӯъ дар матлаби “Имрӯз чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?” маълумоти муфид ҷамъоварӣ кардаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.