Беш аз як моҳ боз се шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бедарак ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек аз мақомоти тафтишотии Қирғизистон хостааст, барои пайдо кардани се шаҳрванди кишвар мусоидат кунанд. Дар Додситонии кулли Қирғизистон мегӯянд, бар асоси ин муроҷиат ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ойаҳмадов Хисрав Муродалиевич (1995, Кӯлоб), Муродов Фирӯз Раҷабович (1995, Муъминобод, ҷамоати деҳоти Баланд, деҳаи Тутқавул) ва Ҷангиев Наврӯз Фарҳодович (1995, Душанбе) аз 8-уми ноябр ба ин сӯ беному нишон ҳастанд. Ба иттилои наздикон, ин ҷавонҳо дар Қирғизистон бо корҳои гуногун – яке атрфурӯшӣ, дигаре пухтани сихкабоб ва сеюмӣ ба кори сохтмон машғул буд.

Дар бораи он ки моҳи ноябр се ҷавони тоҷик дар шароити мармуз аз хонаи иҷораашон дар Бишкек нопадид шуданд, ба Радиои Озодӣ шаҳрванди Тоҷикистон Абдураҳим Ниёзов хабар додааст.

Ба қавли ӯ, онҳо хонаеро дар шаҳри Бишкек иҷора гирифта, ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд ва аз ҳамин хона аз ҷониби афроди ношинос, “эҳтимол ходимони ҳифзи қонун” боздошт ва ба ҷойи номаълум бурда шуданд.

Як масъули Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба гуфтааст, дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба унвонии мақомоти дахлдори Қирғизистон муроҷиат карда, дархости таҳқиқи қазияи нопадидшавии ҷавонҳои тоҷикро кардаанд.

Рисбой Содиқов, мутахассиси аршади шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Додситонии кулли Қирғизистон гуфтааст, "раёсати амалиёти фаврии мо ин қазияро таҳти назорат гирифта, санҷиши фактҳо ҷараён дорад.

“Номаи сафоратро аз рӯзи 11-уми декабр таҳти рақами 6985 қабул кардем. Дар РПП ё Феҳристи ягонаи ҳодисаҳо ва ҷиноятҳое, ки дар ихтиёри тамоми сохторҳои интизомии Қирғизистон аст, аз рӯи исми ин шаҳрвандон чизе сабт нашудааст", - гуфтааст Содиқов.

Дар ҳоле ки се ҷавони тоҷик бедарак шудаанд, хешовандонашон дар Тоҷикистон аз сарнавишти онҳо хеле нигарон ҳастанд. Аз ҷумла, волидони Наврӯз Ҷангиев ва Фирӯз Муродов ба унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ариза дода хоҳиш карданд, ки барои пайдо кардани дараки фарзандонашон ёрӣ расонанд.

Ба гуфтаи наздикон, ҳар се ҷавон бо ҳам робитаи дӯстии дерина доштанд, замоне дар Русия таҳсилу кор кардаанд ва ба Қирғизистон ҳам бо даъвати дӯстони қирғизашон рафтаанд. Ба қавли наздикони Наврӯз ва Фирӯз, ҳардуи онҳо бо сабаби надоштани ҳаққи сафар ба Русия қарор карданд, ки ба Қирғизистон барои кори муваққатӣ мераванд.

Файзалӣ Муродов, бародари Фирӯз гуфтааст, бо додараш бори охир рӯзҳои 3-4-уми ноябр ҳамсуҳбат шуд ва ӯ гуфт, то 1-уми декабр ба Тоҷикистон бармегардад. "Ягон проблема надошт, мегуфт, ҷоям, савдоям хуб аст".

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки то куҷо Фирӯз эҳтимол метавонист бо гурӯҳҳои машкук ва ё мамнӯи динӣ бипайвандад, Файзалӣ Муродов посухи рад дод ва гуфт, додараш "мисли ҳама мусалмонон намозхон буд", вале "ҳеч гоҳ майле ба гурӯҳҳои бегона надошт".

Падари Наврӯз – Фарҳод Ҷангиев ҳам, ки аз бедарак шудани писараш шадидан нигарон аст, мегӯяд, то сафар ба Қирғизистон писараш ҳамроҳи ӯ дар як бахши ширкати “Фароз” кор мекард ва рӯзе тасмим гирифтанд ба Русия барои кор бараванд. "Вақте ба Русия рафттанӣ шудем, паспорт гирифтем. Рафтем, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштааст. Моҳи феврал ҳамроҳи дӯстонаш ба Бишкек рафт. Ман онҳоро намешинохтам, фақат худаш мегуфт, ки якеаш аз Мӯъминобод аст. Онҳо чаҳор сол дар Селхозакадемияи вилояти Иваново якҷо хонданд. Лекин дипломашонро нагирифтанд. Як дафъа пул даркор шуд, ман дертар фиристодам... Баъд ба Бишкек барои кор рафтанд"., - иброз доштааст ӯ.

Қирғизистон як кишвари ҳамсарҳади Тоҷикистон аст ва шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳақ доранд, бе виза дар қаламрави якдигар бимонанд. Ба иттилои Абдураҳим Ниёзов, дар сурати ба муҳлати беш аз 60 рӯз ва бо нияти кор ба ин кишвар омадани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз онҳо тақозо мешавад, ки дар маҳалли зисташон ба муҳлати шаш моҳ ба қайд гирифта шаванд.

Ба гуфтаи Ниёзов, ҳарсе ҷавони нопадидшуда дар хонае, ки иҷора мегирифтанд, қайди расмӣ доштанд ва шароити будубошашон дар ин кишвар қонунӣ буд.

Ба иттилои Қодиршоҳи Мурувват, яке аз фаъолони ҷомеаи тоҷикон, Қирғизистон макони зисти 56 ҳазор тоҷик аст, ки дорои шаҳрвандии ин кишвар мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.