Аз 21 то 23 феврал дар Бишкек Ҳафтаи мӯди Burana Fashion week-2020 доир гардид. Тоҷикистонро ду тарроҳ (дизайнер)-и навкор муаррифӣ карданд. Ин ҳафтаи ягона ва расмии мӯд дар Қирғизистон мебошад. Tajikistan Fashion Week шарики Burana Fashion week аст, лекин дар ин чорабинӣ тарроҳон аз Тоҷикистон бори нахуст ширкат меварзанд.

Муассис ва сарвари кулли Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов бо дастаи худ, ки аз тарроҳони ҷавони тоҷик Саидҷалол Махсумов ва Шаҳло Пӯлодова иборат буд, дар мавсими дуюми Burana Fashion week иштирок карданд.


Дар ин чорабинӣ ба ҷуз тарроҳони тоҷик инчунин намояндагони беш аз 5 кишвари дунё, аксаран аз ИДМ ва ҳамагӣ 20 нафар тарроҳон иштирок карданд.

Иштирокчиён аз Тоҷикистонро дар Burana Fashion week-2020 шахсан сарвари кулли TFW интихоб кард, ки ба ҳайати ҳакамони ҳафта дохил буд.


Саидҷалол ва Шаҳло кайҳост, ки бо Tajikistan Fashion Week ҳамкорӣ доранд, аммо қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода акнун мегузоранд.

- Малакаи тарроҳони навкори ҷавонро сайқал дода, ба ҷаҳониён корҳои онҳоро намоиш додан лозим аст, то ки онҳоро шиносанд ва эътироф кунанд, - мегӯяд Тоҳир Иброҳимов. - Ғайр аз ин, мо мехоҳем, тамоми зебоӣ ва ҷаззобии фарҳанг ва анъанаҳои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳем.

Дар маҷмӯаи либосҳои Саидҷалол Махсумов ва Шаҳло Пӯлодова ба чакан, попурӣ ва сӯзанӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ҳамроҳи дигар тарроҳони хориҷӣ онҳо дар рӯзи хотимавии чорабинӣ маҳсули эҷоди худро намоиш доданд.


Тоҳир Иброҳмимов ба яке аз тарроҳони тамғаи миллии Қирғизистон Sherden Мирраҳим Опош сертификатро барои иштирок дар мавсими 5-уми Tajikistan Fashion Week супорид, ки рӯзҳои 6-8 апрели соли равон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ тарроҳ аз маҷмӯаи худ 15-тогӣ сарулибоси мардона ва занона намоиш медиҳад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.