Консерти овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар Исроил, ки бояд рӯзҳои 11-12 март баргузор мегардид, бекор шуд.

“Вазорати тандурустии Исроил баргузории ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, консерти моро бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус бекор кард”,  - хабар дод ба “Азия-Плюс” продюсер Элӣ Яъқубов, ташкилкунандаи ин консерт.

Вай афзуд, ин аввалин консерте мебошад, ки ӯ мехост бо иштироки ситораи эстрадаи Тоҷикистон барпо кунад.

“Ин ҷо маро ҳама мешиносад. Бо иштироки овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон бисёр консертҳо гузаронидам. Ин аввалин чорабиние буд, ки бо овозхони шинохта аз Тоҷикистон гузаронданӣ будам”, - гуфт ӯ.

Яъқубов таъкид дошт, ки консерт бо иштироки Нигина Амонқулова дар Исроил ҳатман баргузор мешавад, лекин замони баргузории он ҳоло дақиқан маълум нест.

“90%-и билетҳо фурӯхта шудааст. Толорҳое, ки мо дар онҳо консерт барпо карданӣ будем, начандон бузург буда, 600-700 ҷойи нишаст доранд. Дирӯз бо Нигина суҳбат кардем, ки баъд аз муътадил шудани вазъ консертро баргузор мекунем. Одамон занг зада, мегӯянд, ки пулҳояшонро баргардонем. Лекин мо онҳоро ором сохта, мефаҳмонем, ки консерт ҳатман баргузор мешавад ва билетҳояшонро бо худ нигоҳ доранд”, - иброз дошт Яъқубов.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Исроил, дар ин кишвар 50 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан барои ҳамаи касоне, ки аз хориҷа меоянд, карантин ҷорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.