Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон хабар дод, ки рӯзи 15-уми март 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд омадаанд.
Ба гуфтаи прокурори генералӣ, дар ин ҳавопаймо ҳамон шаҳрванди Ӯзбекистон парвоз дошт, ки баъдан сироятёбии ӯ ба коронавирус тасдиқ шуд.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки шахсияти 6 тоҷикистонии тавассути ин ҳавопаймо парвозкарда муайян гардида, субҳи имрӯз онҳо ба карантин гирифта шуданд.
“Ҷустуҷӯйи боқимонда 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”, - илова кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни даромадан ба бинои парлумон ҳамаи воридшудагонро табибон тариқи тепловизор санҷида, дастони ҳар кадомеро бо маҳлули антисептикӣ тоза карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.