Тоҷикистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо байни 53 давлати минтақа ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Галина Перфилева, намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи “Тоҷикистон” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи намояндаи СҶТ, имрӯз тамоми ҷаҳон бо ин вируси марговар мубориза мебаранд ва роҳҳои асосию дурусти табобати он ҳамчун муаммо то ҳол арзёбӣ мешавад. Ҳар як инсон бояд иттилоъ дошта бошад, ки коронавируси нав хатарнок ва шаклашро ивазкарда мебошад, аз ин рӯ, омӯхта нашудааст.
“Ман ҳамчун намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон шоҳиди онам, ки дар мамлакати шумо тадбирҳои зиёд барои пешгирии сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ амалӣ мешаванд. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор нафар, ки аз кишварҳои хориҷ омадаанд, карантин карда шуданд. Айни замон 4 ҳазор нафари онҳо дар карантин қарор доранд. Ман ин шумораҳоро барои он мегӯям, ки аҳолӣ бояд донад: имрӯзҳо фаъолияти тамоми соҳаи тиб ва дигар сохторҳои масъулшуда вазнин мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифтана нашудааст. Дар масъалаи омодагӣ вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои захира маводи тиббӣ, ниқоб ва тест-системаҳо кӯшиш доранд”, - изҳор дошт Галина Перфилева.
Вай афзуд, ки дар марҳилаи аввали пайдоиши коронавирус ба ғайр аз Хитой ва якчанд давлати дигар, дар ҳеҷ кишвари дунё тест-системаи Covid-19 набуд.
Ба гуфтаи ӯ, бори аввал моҳи феврал ба Тоҷикистон 2000 тест-система ҳамчун кумаки бебозгашт ворид карда шуд. Баъдан 1000 донаи дигар ворид шуд. Бори сеюм бошад аз ҷониби Русия 20 ҳазор тест-система ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки бебозгашт расонида шуд. Ҳамчунин бо иқдоми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Олмон ба Тоҷикистон 1000 адад тест-сиситема кумак карда шудааст.
“Тест-системаҳо танҳо ба шахсони гумонбаршуда гузаронида мешаванд ва аз ин рӯ, таҳлука кардан лозим нест. Бояд донист, ки давраи ниҳоии ин беморӣ аз 2 то 14 рӯзро ташкил медиҳад. Ман аз наздикони нафароне, ки дар Тоҷикистон ба карантин фаро гирифта шудаанд, бисёр хоҳиш мекунам, ки восита шуда, онҳоро аз карантин ба хона набаранд. Имрӯз тамоми ҷаҳон бо паҳншавии босуръати коронавирус, ки дар шакли нав ва хатарнок зуҳур кардааст, мубориза мебарад. Ин набояд боиси ҳангома шаваду аҳолӣ ба таҳлука афтад. Ҳангома кардан ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани хабари бардурӯғ ва беасос ҷиноят аст”, - қайд кард Перфилева.
Намояндаи СҶТ тавсия додааст, ки шаҳрвандон қоидаҳои гигиенаи шахсиро мунтазам риоя кунанд. “То ҷое ман медонам, мардуми тоҷик меҳмоннавозанд ва ҳамдигарро аз рӯйи меҳру самимият ҳангоми салом кардан ба оғӯш мегиранд. Бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хоҳиш мекунам, ки аз ин амалҳо муваққатан худдорӣ кунанд”, - гуфт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.