Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.
“Дар кишвари мо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ин, дар қисмҳои низомӣ ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ нагардида, замони ба қисмҳои низомӣ фиристодани наваскарон тағйир наёфтааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён.
Ба гуфтаи ӯ, дар фармони президенти кишвар ба ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки маъракаи гусели даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ташкил кунанд.
Нозимиён ҳамчунин иттилоъ дод, ки рухсатию дидорбинӣ барои сарбозон низ бекор нашудааст.
“Дар қисмҳои низомӣ барои дидорбинӣ бо наздикон ҳуҷраҳои алоҳида мавҷуд мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит фароҳам аст. Ҳамсари сарбоз бо пешниҳоди шиносномаву шаҳодатномаи ақди никоҳ ва риояи тартиботи қисми низомӣ рӯзҳои истироҳат метавонад ба дидорбинии ӯ биравад”, - изҳор дошт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.