Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон имрӯз, 29-уми апрел тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи кино” тасдиқ кард. Тағйироту иловаҳо мақомоти ваколатдори соҳаи киноро уҳдадор мекунанд, ки филмҳо танҳо пас аз муайян кардани таснифбандии онҳо вобаста ба синнусол пахш ё намоиш дода шаванд.
Вазорати фарҳанг ҳатман пешакӣ мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии 0+, 6+, 12+, 16+ ва 18+ ба ҳар як филме, ки намоиши он дар шабакаҳои маҳалии телевизион ё толорҳои синамо пешбинӣ шудааст, маҳдудияти синнусолӣ муқаррар мекунад.
Ҳангоми намоиши филм субъектҳо бояд дар қисмати кунҷии экран тамғаи ҳуруфотии синнусолиро ишора кунанд.
Вакил Абдураҳим Ғаффорзода аз чунин тағйироту иловаҳо истиқбол карда, изҳор дошт, ки дар тарбияву таълим ва камолоти насли наврас кино нақши хеле муҳим дорад.
Гузашта аз ин, ӯ пешниҳод дорад, пахш ва намоиши филмҳое, ки ба арзишҳои миллӣ созгор набуда, ба насли наврас зиён оварда метавонанд, манъ карда шаванд.
Дар аксари кишварҳои дунё аз таснифбандии маҳсулоти иттилоотӣ ва ҳама гуна маводи садову симо, ки барои аҳолӣ тариқи телевизион ё толорҳои синамо намоиш дода мешаванд, васеъ истифода мекунанд.
Мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, кӯдакон бояд аз ҳама гуна маълумоте, ки ба онҳо зиёни рӯҳӣ ё маънавӣ оварда метавонад, бояд эмин нигоҳ дошта шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.